05:23 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
370 0 0

Раиси ҷумҳури Туркманистон аз идомаи сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни ин кишвар бо Афғонистон то марзи Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасти ҳайати давлати Туркманистон дар Ишқобод эълом кард, ки кишвараш сохти роҳи оҳани минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон то марзи Тоҷикистонро бо ҳазинаи худ идома хоҳад дод.

Туркманистон қаблан сохти 35 километр аз ин роҳро дар қаламрави Афғонистон такмил кард ва идомаи ин масир ба далели таъмин нашудани манобеи молӣ аз сӯи Тоҷикистон ба таъхир афтод.

Ҳамчунин дар солҳои ахир миёни Туркманистон ва Тоҷикистон бар сари нуқтаи иттисоли ин роҳи оҳан ихтилофи назарҳо ташдид шудааст.

Мақомоти Душанбе муътақиданд нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон- Афғонистон ба ин кишвар бояд шаҳристони марзии шаҳри Тус бошад, ки масири он кутоҳтар ва камҳазинатар аст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тули бахши афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кутоҳтар хоҳад шуд.

Вале мақомоти Туркманистон бар таъйини бандари Шерхон дар вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ду кишвар пофишорӣ мекунанд, ки тоҷикҳо саранҷом ин пешниҳодро пазируфтанд.

Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори раисони ҷумҳури Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳи марти соли 2013 дар Ишқобод имзо шудааст.

Бо далели номаълум: Туркманистон то ҳол ба фураҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад

Дар ҳоле раиси ҷумҳури Туркманистон эълом кард, ки кишвараш бо ҳазинаи хеш сохти роҳи оҳани минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад, ки ҳарактаи мошинҳои боркаши тоҷик аз қаламрави Туркманистон ҳамчунон мамнуъ аст.

Мавзӯъҳои асосӣ