12:51 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Дар донишгоҳҳои давлатии Ӯзбекистон 2 сентябр расман соли таҳсили 2020-2021 оғоз шуд, дарсҳо феълан фосилавӣ сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон низ аз сар аз имрӯз соли хониш оғоз шуд. Аммо бо далели шуюи коронавирус дарсҳо фосилавӣ ё онлайн баргузор мешаванд.

Тавре Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи ин кишвар гузориш медиҳад, дарсҳои онлайн мувофиқи нақшаи таҳсилоти тасдиқшуда баргузор мешаванд. 

Пештар муовини аввали вазорати мазкур Ӯктам Саломов изҳори умедворӣ карда буд, ки моҳи октябр дар пайи беҳтар шудани вазъи пандемия дар кишвар мактаҳои олӣ ба дарсҳои маъмулӣ бармегарданд.

Шурӯъ аз имрӯз, рӯзи чоршанбе дар кишвар имтиҳонҳои дохилшавӣ низ шурӯъ шуданд. Имтиҳонот 14 рӯз бо риояи меъёрҳои санитарӣ дар маконҳои кушод, боғҳову майдонҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Одатан тестҳои дохилшавӣ дар кишвар аз 1 август шурӯъ мешуданд.

Ёдрас мешавем, дар кишвар якумин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус 15 март ошкор шуд. Аллакай пас аз як рӯз кишвар дари тамоми бағчаҳо ва мактабҳои миёнаву олиро баст. моҳи апрел мақомоти кишвар қарор дод, ки соли хонишро дар мактабҳо фосилавӣ ҷамъбаст кунанд. Ҳимояи диплом дар донишгоҳҳо тариқи онлайн гузашт.

Мактабҳои Туркманистонро аз 1 сентябр бо ҳазориспанд дуд мекунанд

Ба омори 1 сентябр шумораи мубталоёни коронавирус ба 41 994 нафар расид. Дар пайи ин беморӣ 322 тан ҷон ба Ҷонофарин супурданд.

Мавзӯъҳои асосӣ