15:44 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
20210

Мақомоти Ӯзбекистон маҳдудиятҳои марбут ба муқобила бо вируси коронаро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш доданд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, рафъи маҳдудиятҳо барои муқобила бо вируси корона шомили бархе машоғилу бахшҳое монанди кафеҳо, ресторанҳо, синамоҳо, паркҳо ва масҷидҳо мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки баргузории таҷаммуоти беш аз 4 нафар дар як миз дар ресторанҳову кафеҳо ҳамчунон мамнуъ ва  истифода аз моску риояти фосилаи иҷтимоӣ то 2 метр илзомӣ аст.

Теъдоди мубталоён ба вируси корона дар Ӯзбекистон ба беш аз 42 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин миён се ҳазору 240 нафар ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 3 сентябр 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардид, ки аз ин беш аз 86 дарсадашон шифо ёфтанд.

Манбаъ теъдоди то ҳол шифоёфтагонро аз коронавирус 7 ҳазору 482 нафар, ё худ 86,1% гуфта, таъкид намудааст, ки бар асари COVID-19 то ҳол 69 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 85 нафар гумонбарон қарор дошта, 35 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Барчаспҳо:
коҳиш, маҳдудият, вирус, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ