05:38 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Вазорати тандурустии Ҷумуҳурии Қирғизистон омори ҷадиди сироят, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр кард, ки мувофиқи он теъдоди беморон ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 87 кас мубталои коронавируси COVID - 19 шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба гузориши Вазорати беҳдошт.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони бемории коронаdирус дар Қирғизистон ба 44 403 кас расид.

Дар баробари ин дар давоми 24 соати гузашта дар кишвар, 178 нафар аз ин маризӣ шифо ёфтанд.

Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали ҳамагирии коронавирус то 6 сентябр дар Қирғизистон ба 39 826 кас баробар шуд.

Афзоиши теъдоди гирифторони COVID - 19 дар Қирғизистон: наздики 44 ҳазор

Хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта аз COVID - 19 дар ин кишвар касе ҷон на бохтааст.

Аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз 1061 нафар қурбони ин вабои аср шудааст.

Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, вируси нав, омор, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ