08:37 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (733)
76 0 0

Чун дар дигар манотиқи ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ низ теъдоди беморони COVID - 19 ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Шумораи гирифторони бемории COVID -1 9 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми шабонарӯзи гузашта 926 кас бештар шуда, теъдоди умумии мубталоён ба 230 506 нафар расид.

Теъдоди бемороне, ки аз коронавирус шифо ёфтанд, дар давоми 24 соат 1 248 нафар бештар шуда ба 193 735 баробар шуд.

Тибқи иттилои то ин дам  ба даст омада, ҳамчунин дар давоми шабонарӯзи гузашта 17 кас дар паи беморӣ ҷон аз даст дода, шумораи умумии фавтидагон ба 3 416 баробар шуд.

Пизишкони Тоҷикистон дар давоми 24 соати гузашта, дар бадани 33 бемор нишонаҳои коронавирусро тасдиқ карданд ва теъдоди умумии беморон ҳамакнун ба 8 757 тан баробар шуд.

Бино ба гузориши Вазорати беҳдошт, дар Тоҷикистон боз як тан аз коронавирус ҷон бохта теъдоди умумии фавтидагон ба 70 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон авввалин ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирусро рӯзи 30 апрел сабт карда буд.

Ҳамин тавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба 133 924 кас ва дар Қирғизистон  - 44 403 нафар расид.

Дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз 345 кас қурбони ин вабои аср шудааст. Дар баробари ин 40 880 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (733)
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, омор, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ