19:19 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Як масъули Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтааст, ки бепарвоӣ қоидаҳои беҳдоштии мардуми Афғонистон боиси афзоиши шумори мубталоён ба вируси корона шуд ва ин сабаби бори дуввум баста шудани донишгоҳ, бахусус дар вилояти Ғур гардид

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Масума Ҷаъфарӣ, муовини сухангӯи Вазорати тандурустии ҷамъияти Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки  ба тозагӣ 30 нафар аз донишҷӯёни донишгоҳи остони Ғур дар маркази ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанду ба ҳамин далел  дар ин донишгоҳ  таътил эълом шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Тибқи иттилои масъулони беҳдоштии остони Ғур 74 донишҷӯи  дигари ин донишгоҳ низ нишонаҳои гирифтори ба вируси корона нишон додаанд.

Ҳамзамон вазорати тандурустии Афғонистон эълом кардааст, ки шумори кулли мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар токунун ба 38 ҳазору 772 нафар расидааст.

 Ҳамчунин дар 24 соати гузашта  5 нафар бар асари ин бемории ҷонбохтаанду шумори ҷонбохтагон ҳам ба 1425 нафар расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки тибқи натоиҷи як таҳқиқи Вазорати тандурустии ин кишвар, бештар аз 50 дар сади мардуми Афғонистон  муодили беш аз 10 миллион нафар токунун ба бемории корона мубтало шудаанд.

Баъд аз моҳҳо қарантина, мардуми Афғонистон бе тавваҷуҳ ба риояти нукоти беҳдоштӣ дар маконҳои умумӣ, масоҷид, марокизи тиҷорӣ, идорӣ ва омӯзишӣ ҳузур меёбанд, ки ин амр сабаб шудааст то теъдоди беморони мубтало дар рӯзҳои ахир афзоиш ёбад.

Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, афзоиш, шумор, вирус, вируси корона, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ