23:32 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
351 0 0

Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон музокироти сулҳи байниафғонӣ бо Толибонро душвор хонд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ОВО, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки музокироти Давҳаи Қатар содда нахоҳад буд ва давлати Афғонистон бо мавзӯъҳои бисёре рӯбарӯ хоҳад шуд, ки гирифтани тасмим дар бораи онҳо сахт аст.

Раиси шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар идома итминон дод, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи башар дар ин музокирот ҳифз ва озодиҳо ва адолати онҳо таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мавлавӣ Абдулҳаким-раиси ҳайати музокиракунандаи сулҳи Толибон дар Давҳа гуфт, ки рӯзи гузашта бори дигар ду ҳайати музокиракунанда бо ҳам бевосита дидор карданд.

Музокироти сулҳи байниафғонӣ бо ҳузури ҳайате аз давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон ва намояндагоне аз чанд кишвари ҷаҳон, аз рӯзи 12 сентябр дар Давҳаи Қатар оғоз шудааст.

Низоми сиёсӣ, барқарории оташбас, ҳуқуқи ақаллиятҳо, озодии баён ва расонаҳо, ҳуқуқи занон ва дигар дастовардҳои ду даҳаи ахир дар Афғонистон, аз мавзӯъоти аслӣ дар музокироти Давҳа аст.

Барчаспҳо:
душворӣ, Толибон, Абдулло Абдулло, сулҳ, музокирот, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ