05:15 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Раисҷумҳури Эрон хостори истифодаи ҳамаи шаҳрвандон аз ниқоб шуд ва аз ҷаримаи афроде, ки усули беҳдоштиро риоят намекунанд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ҳасан  Руҳонӣ, раисҷуҳури Эрон ахиран дар нишасти ситоди миллии муқобила бо коронаи Эрон гуфт, ки сабки зиндагии мардум ба муддати тӯлонӣ тағйир меёбад. Вай афзуд, нафароне, ки  қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд ҷарима хоҳанд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

“COVID -19 як бемории одӣ нест ва фақиру ғанӣ ё султону гадо намешиносад ва масъулон, болотарин мақоми кишварҳо ва донишмандонро низ гирифтор мекунад, бинобарин  роҳе ҷуз  тағйири сабки зиндагӣ ба муддати тӯлонӣ надорем ва бояд бидонем, ки агар инзиботи иҷтимоии мо коҳиш пайдо кунад бо мушкилоти бузургтаре мувоҷеҳ мешавем”, - таъки дошт Руҳонӣ.

Инчунин вай афзуд, ки дар ҳар кишваре, ки инзиботи иҷтимоии қавитар аст, онҳо муваффақтар будаанд.

“Онҳо аз мардуми кишвар  хостаанд ва мардуми ҳам бо инзиботи иҷтимоӣ гӯш карданд. Ҳар куҷое мардум муроот накардаанд , мушкилот бештар шудааст”, - зикр кард раисҷумҳури Эрон.

Руҳонӣ ҳамчунин дар бораи ҷаримаи афроди бетавваҷӯҳ ба дастурҳои беҳдоштӣ гуфт, ки кормандоне, ки усули беҳдоштиро риоят накунанд то як сол аз хидмат мунфасил мешаванд ва аснофу бозориён низ дар сурати сарпечӣ аз қонун, пломби коргоҳҳо ва мағозаҳояшон аз як рӯз то як моҳ дар назар гирифта шудааст.

Раисҷумҳурии Эрон гуфт, касе, ки хадамот мехоҳад бояд усули беҳдоштиро риоят кунад ва агар фарде риоят накунад, хадамотдиҳандаро муҷозот хоҳем кард, зеро хидмат додан ба касоне, ки усули беҳдоштиро риоят намекунанд дорои муҷозот аст.

Руҳонӣ таъкид кардааст, бояд ба афроде, ки ниқоб назананд ихтор дода  шавад ва мизони ҷаримаи афроде, ки ниқоб намезананд ҳам ҳафтаи оянда  мушаххас хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
шаҳрвандон, Раисҷумҳур, риоя кунад, беҳдоштӣ, беҳдошт, ҷарима, ниқоби сиёҳ, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ