06:11 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1496 0 0

Шаб дар Бишкек ноором буд. Мардуми норозӣ аз натоиҷи интихиобот ба кӯчаҳо баромада бо мақомоти пулис даргир шуданд. Отамбоев озод гардид, "Кохи Сафед" оташ гирифт ва як кас ҳалоку 600 тан ҷароҳатдор шуд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Даргирӣ миёни тазоҳургарон ва мақомоти пулис соатҳои 8-и бегоҳ (бо вақти Бишкек) авҷ гирифт. Мардуми норозӣ ба назди "Қасри Сафед" наздик мешуданд ва ба девораҳои он баромада. ба сӯи бино ҳуҷум мекарданд, менависад хабарнигори Sputnik Қирғизистон.

Дар ҳамин ҳол, қувваҳои вижа омада мардумро бо гази ашковар меронд, вале тазоҳургарон ба осонӣ майдонро холӣ намекарданд.

Дар паи даргирӣ чанде аз сиёсатмадорони маъруфи кишвар захмӣ шуданд. Ҳаимн тавр, раҳбари ҳизби "Ата Мекен" Жанар Акаев ва номзад ба вакилӣ Темирбек Асанбеков ҷароҳат бардоштанд.

Даргирӣ миёни мақомот ва тазоҳургарон чанд соат идома кард. Дар умум дар паи таниш 590 кас ҷароҳатдор шуда, як нафар ҷон бохт ва 13 каси дигар дар шуъбаи эҳё қарор гирифтанд. Дар тазоҳурот 3-4 ҳазор кас ширкат кард.

Наздики соати 3-и шаб, тазоҳургарон "Кохи Сафед" - ро забт карданд. Кормандони мақомот он замон дида намешуданд.

Наздики соати 4-и саҳар тазоҳургарон ба ҷониби бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафтанд ва озод кардани Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Пас аз ним соат, собиқ раисиҷумҳур дар иҳоати ҷонибдоронаш берун шуд.

Соати 7-и бомдод аз тирезаҳои "Кохи Сафед", ки ба дасти мухолифин афтод, дуд баромад.

Соати 7:30 дар бораи озод шудани сарвазири пешин Сапар Исоқов ва вакили собиқ Равшан Жээнбеков хабар дода шуд.

Феълан дар майдони Ала-Тоо 1500 нафар аз тазоҳургарон қарор доранд. Сӯхтор дар "Кохи Сафед" хомӯш карда шуд ва ризокорон атрофи биноро тоза доранд.

Наздики соати 9-и саҳар сухангӯи президент Тологонай Стамалиева изҳор дошт, ки Сооронбой Жээнбеков вазъиятро таҳти назорати худ гирифтааст.

Барчаспҳо:
парлумон, интихобот, тазоҳурот, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ