05:39 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1021 0 0

Шаҳрдори Бишкек Азиз Суракматов бо хоҳиши худ истеъфо дод. Сабаби истеъфои мири шаҳри Бишкек, то ҳол муайян нест

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мири шаҳри Бишкек Азиз Суракматов истеъфо дод, хабар медиҳад Ожонсии Кабар.

Бино ба гузориши манбаъ, Суракматов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.

"Расман шаҳрдор Азиз Суракматов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт. Сипос барои хизмат Азиз Эмилбекович", - навиштааст Гуля Алмамбетова дар Facebook.

Сабаби истеъфои мири шаҳри Бишкек, то ҳол муайян нест.

Дар баробари ин Азиз Суракматов аризаашро дар паи тазоҳурот ва даргириҳо, ки пас аз интихоботи парлумонӣ дар кишвар сар зад, навиштааст.

Шаби ноором дар Қирғизистон: гузориши аксӣ аз тазоҳуроти Бишкек - акс

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд.

Дар Қирғизистон интихобот баргузор шуд: ҳизбҳои сиёсӣ ва мардум боз норозӣ

Барчаспҳо:
истеъфо, шаҳрдор, Бишкек, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ