07:16 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1015 0 0

Раисҷумҳурии Қирғизистон бо таъкид ба нақш ва ҷойгоҳи қонунии худ, барои музокира бо мӯътаризон эъломи омодагӣ кард

БИШКЕК, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков воқеаҳои рӯзҳои ахир дар кишварашро тасарруфи ғайриқонуии қудрат донист, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".

“Ман ин шароитро тасарруфи ғайриқонуии қудрат медонам, зеро ҳаводиси рӯзҳои гузашта нишон дод, ҳадафи касоне, ки ба таҷаммӯъи эътирозомез рафтанд, на фақат лағви натоиҷи интихобот балки эҷоди бесуботӣ дар кишвар аст”, - таъкид доштааст манбаъ.

Вай бо таъкид бар лузуми пешгирӣ аз ин танишҳо афзуд, ки натоиҷи интихобот бар асоси шумориши автоматикии сандуқҳои раъйгирӣ ба даст омадаасту нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо  ҳам аз суръати эъломи натоиҷи интихоботи Қирғизистон таъаҷҷуб карда буданд.

Ҷеенбеков   ҳамчунин ба нақши афроде  номушаххас ишора кард, ки ҳадафи онон на танҳо лағви натоиҷи интихоботи порлумонӣ, балки нигаҳ  доштани мардум дар хиёбонҳо ва эҷоди норизоятӣ аст.

Раисҷумҳурии Қирғизистон гуфт, дар гоми нахуст шӯрои  ҳамоҳангӣ эҷод шуд то авзоъи кишварро ба масири қонунӣ бозгардонад ва ман ба унвони раисҷумҳури қонунии кишвар  омодаам то бо тамоми тавон ба онҳо кӯмак кунам .

Ҷеенбеков ҳамчунин нисбат ба хатари нерӯҳои хориҷӣ ҳушдор ва идома дод : мухолифон дар талошанд то мардумро гумроҳу масоили шимолу ҷанубро матраҳ кунанд.

Ин хатар вуҷуд дорад, ки кишвар на танҳо ба дасти нерӯҳои дохилӣ, балки аз сӯи  нерӯҳои хориҷӣ қурбонӣ шавад, бинобарин акнун танҳо бояд пушти мизи музокира бинишинему ихтилофотро ҳал кунем.

Нооромиҳо дар Қирғизистон аз замони эъломи натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе оғоз шуд.

То кунӯн дари ин эътирозот  як нафар  кушта ва 590 тан захмӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, тасарруф, омодагӣ, музокира, Раисҷумҳур, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ