02:57 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2614 0 0

Маълум шуд, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон - Сооронбой Жээнбеков феълан дар куҷо қарор дорад. Ӯ аз Қирғизистон берун нашудааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Бишкек қарор дорад, хабар медиҳад котиботи президент.

Қайд мешавад, ки феълан раҳбари қирғиз бо ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ барои ба роҳи қонунӣ баргардонидани вазъ дар гуфтушунид аст.

Пештар хабар дода шуд, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва сарвазир Кубатбек Боронов пас аз бетартибиҳо, ки дар паи интихоботи парлумонӣ сар зад, дар маъзари ом дида нашудаанд.

Жопаров аз зиндон озод ва сарвазири Қирғизистон таъйин шуд

Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон Омурбек Суваналиев тасдиқ кард, ки ҷойгоҳи Жээнбеков ва Боронов маълум нест. Ба гуфти ӯ "ба мақсади амният" қарор шуд, ҳамаи марзҳо баста шавад.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 - и октябр КМИ ҶҚ натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.

Барчаспҳо:
ҷой, макон, Сооронбой Жээнбеков

Мавзӯъҳои асосӣ