04:49 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
1492 0 0

Теъдоди зиёди одамонро, ки дар майдони Ало - Тоо даст ба эътироз задаанд, садои тирпарронӣ пароканда намуд

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Дар майдони Ала - Тоо тирандозӣ сурат гирифт. Дар ин майдон якбора чанд эътирозҳо баргузор мешуд. Садои тирпарронӣ дар навори зерин бараъло шунида мешавад.

Навори мазкур нишон медиҳад, ки чӣ гуна одамон пас аз баланд шудани садои тир ба самтҳои гуногун пароканда шуданд. Зимнан, ихтиёриён дар майдони мазкур ду адад гилза пайдо намуданд, ки ба эҳтимоли зиёд аз лавозимоти ҷангӣ истифода шудааст.

Ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев собиқ кишвардори Қирғизистон ва Омурбек Бабанов алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба майдони Ала-Тоо наздик шуданд. Эътирозгарон ва ҷонибдории Садир Жопаров аз назди бинои ҳукумат ба самти онҳо роҳсипор шуданд. Байни иштирокчиён занозанӣ ба амал омада, онҳо ба тарафи ҳамдигар сангҳоро партоб мекарданд.

Жопаров аз зиндон озод ва сарвазири Қирғизистон таъйин шуд

Ғайр аз он, ҷонибдорони Жопаров майдони Ала-Торо ишғол намуда, пас ба майдони кӯҳна баргаштанд.

Қаблан раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков изҳор дошт, ки омодааст ба истеъфо равад. Ӯ мегӯяд кишвар бояд роҳи қонуниятро пеш гирад ва қайд кардааст, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ба як нуқтаи буҳронӣ расидааст.

Нооромӣ дар Қирғизистон пас аз анҷоми маъракаи интихоботи парлумонӣ авҷ гирифт.

Барчаспҳо:
эътироз, тирпаронӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ