01:33 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (795)
161 0 0

Дар ин ҳафта дар Қирғизистон шумораи беморони коронавируси навъи COVID - 19 афзоиш кард. Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар кишвар 48 924 нафар гирифтори коронаврус шудааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 307 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи  COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.

Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт

Шумораи бештарини сироятшудагон дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудааст. Ин ҷо дар муддати 24 соати гузашта — 71 кас мубталои коронавирус шудааст. Омори дигар манотиқ чунин аст: вилояти Ӯш — 69, Ҷалолобод - 59,  Бишкек — 53, Ӯш — 17, вилояти Чуй - 16, вилояти Иссиқкӯл — 12, вилояти Норин — 3 ва вилояти Таласс — 7.

Давоми як моҳи гузашта теъдоди гирифторон дар Қирғизистон кам шуда буд, вале ин моҳ боз дубора авҷ гирифт. Сабаби дигари афзоиш ёфтани маризон ин гирдиҳамоиҳо ва тазоҳурот буд, ки дар паи норозигии мардум аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ рӯзҳои охир, сар зада буд.

Вазорат марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирусро тасдиқ кард: 40 маризи нав

Аз замони ҳамагирии коронавирус то имрӯз дар Қирғизистон 48 924 нафар гирифтори коронаврус шудааст. 

Аз саршавии беморӣ то кунун 44 227 нафар ин бемориро ба хубӣ паси сар карданд.

Аз аввали ҳамагирӣ бошад дар Қирғизистон 1082 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (795)
Барчаспҳо:
беморон, вируси нав, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ