Ҳамдардии Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Шаҷариён муъаррифи ашъори шоирони бузурги забони форсӣ аст

© AP / Rahmat GulАбдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар иттилоияе даргузашти устод Муҳаммадризо Шаҷариёнро таслият гуфт ва он марҳумро "мироси муштараки фарҳангӣ"-и мардуми минтақа номид

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи ҷумъа дар сафҳаи “Фейсбук”-и Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон навишт: “марги устод Шаҷариён ба унвони ҳунарманди бузург ва овозхони номдори ҳавзаи тамаддунии мо ва забони форсӣ, миллионҳо инсонро дар саросари кураи хокӣ бавижа дар кишварҳои минтақа ва форсизабон ба мотам нишонд ва такон дод”.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Гавҳари ҳунар Эронро падруд гуфт: Шаҷариён устоди бузурги овоз даргузашт

Абдуллоҳ изофа кард, Муҳаммадризо Шаҷариён, "мироси муштараки фарҳангӣ"-и кишварҳои минтақа, муъаррифи ашъори шоирони бузурги забони форсӣ, аз ҷумла Мавлавӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсӣ аст.

Вай идома дод, шодравон Шаҷариён осори гаронбаҳоеро ба ёдгор гузоштааст, ки номи вайро сабти таърих ва ҷовидона месозад.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, бо арзи таслияти даргузашти устод Шаҷариён ба хонаводаи ин ҳунарманди бузурги эронӣ, мардуми бародар ва ҳамсояи Эрон ва тамоми кишварҳои минтақа ва форсизабон барои рӯҳи малакӯтии устод Шаҷариён биҳиштибаринро орзӯ кардааст.

Муҳаммадризо Шаҷариён, ҳунарманди барҷастаи арсаи овоз ва мӯсиқии суннатии Эрон, ки аз вай бо унвони"Хусрави овози Эрон" ёд мешавад, пас аз таҳаммули давраи тӯлонии беморӣ панҷшанбешаб дар сини 80 солагӣ дар бемористони Ҷами Теҳрон даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0