07:43 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
30710

Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) ва ҳаёти осоишта ҳамоҳанг нестанд. Ҳукумати қонунии Афғонистон ва гурӯҳи террористӣ усулан тавони ҳамоишро надоранд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Александр Хроленко, шореҳи масоили низомӣ. Гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Доҳа ба унвони асоси ноустуворе барои хурӯҷи нангини нерӯҳои низомии амрикоӣ аст, ки ташдиди амалиётҳои низомӣ, сифатан марҳалаи ҷадиди ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон, рӯёрӯии кишварҳои бо ин ҷумҳурӣ ҳамсарҳади Осиёи Марказиро бо таҳдидҳои террористӣ ба дунбол дорад.

Қатъи назар аз вазъи сиёсӣ-низомӣ дар Афғонистон, раванди сарбастаи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Доҳа, адами қатъи бархӯрдҳои низомии артиши ҳукуматӣ бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ президенти ИМА Доналд Трамп 7-уми октябр аз тасреи хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон хабар дод. Ба қавли сарвари Амрико, кулли низомиёни амрикоӣ дар охири моҳи декабр (тибқи тақвими григорянӣ – шарҳи идора) хоки Афғонистонро тарк мекунанд. Барои кумак ба нерӯҳои низомии афғонӣ “теъдоди кам”-е аз таълимдиҳандагони ҳарбӣ (военные инструкторы) дар хоки Афғонистон боқӣ мемонанд. Ин эълони президенти Амрико ғайримунтазира буд, қаблан Вашингтон тасмим дошт, дар ибтидои соли 2021 низомиёнашро аз хоки Афғонистон берун кунад ва 2500 нафар онҳоро он ҷо боқӣ гузорад.

НАТО дар робита ба ин эълон ботамкин бархӯрд кард. Дабири кулли НАТО Йенс Стонтелберг гуфт,  ки ин эътилоф рисолати худро дар Афғонистон анҷом додааст ва ин кишвар набояд сакуе барои терроризм шавад. Ӯ дар бораи хурӯҷи кулли нерӯҳои низомӣ (ҳудуди 12 ҳазор нафар) чизе нагуфт.

Дар ВУД-и Русия ин тасмими Трампро пеш аз ҳама ба ваъдаҳои пешазинтихоботии Доналд Трамп рабт доданд. Ба андешаи фиристодаи вижаи президенти ФР Замир Кобулов, вазъ дар Афғонистон ба ҳадде бад аст, ки вуҷуд ё адами нерӯҳои низомии Амрико дар ин кишвар амалан ҳич таъсире надорад.

Амрико ва Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) дар 29-уми феврали имсол дар Қатар барои аввалин бор дар тӯли 18 соли амалиётҳои низомӣ созишномаи сулҳ имзо карданд, ки хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон (дар тӯли 14 моҳ) ва шурӯи гуфтугӯҳои байниафғониро пас аз табодули асирон дар назар дошт. Дар чаҳорчӯби ин созишнома то моҳи июл Амрико нерӯҳои низомияшро аз 13000 нафар ба 8600 нафар коҳиш дод, амрикоиҳо панҷ пойгоҳи низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар вилоёти Ҳилманд, Урузгон, Пактико ва Лағмонро тарк карданд. Кобул ва Толибон зиндониён (5000 нафар) ва асирон (1000 нафар)-ро иваз карданд. Аммо гуфтугӯҳои байниафғонӣ дар Доҳа (Қатар) бебароранд, оташкушоию инфиҷор қатъ нашудааст.

Гурез аз ҷанг

Амрикоиҳо мераванд, вале амалиётҳои низомии миёни нерӯҳои ҳарбии ҳукуматӣ ва Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) дар бештаре аз вилоёти Афғонистон идома доранд. Кобул эълон кард, дар шаш моҳи ахир Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) ҳудуди 7000 амалиёти низомӣ роҳандозӣ кард, ки 3500 нафар аз аҳолии осоишта кушта ва захмӣ шуд. Толибон чанд бор созишномаро нақз ва чанд ҳамлаи мӯшакӣ ба пойгоҳҳои низомии амрикоӣ ва ҳадафҳои афғонӣ кард. Бинобар ин Толибону Кобул дар баргузории амалиётҳои низомии бузург ва ташдиди хушунат дар ин кишвар ҳамдигарро гунаҳкор мекунанд.

Билофосила баъд аз оғози гуфтугӯҳо дар Доҳа, дар 12-уми сентябр ҷангҷӯёни Толибон ҳуҷумҳои худро бештар ва вулусволии Ғизоби вилояти Урузгонро тасарруф карданд, ки дар натиҷа беш аз 60 нерӯи низомӣ ва пулис кушта шуд. Ҳашт корманди дигари нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо Толибон дар вулусволии Тагоб, шимолу шарқи Каписо ва панҷ нафар аскар дар пайи ҳуҷуми қитъаи назоратию тафтишӣ (КПП)-и вилояти Балх ба қатл расиданд. Дар вилояти шарқии Нангарҳор Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) ба дидбонгоҳи нерӯҳои амниятӣ ҳуҷум ва 20 нерӯи низомии афғонро қатл кард. Дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ҷангҷӯи маргталабе дар як мошини минакоришуда ба қитъаи назоратии пулис ҳамла кард, ки дар пайи он нуҳ нафар кушта шуд. Дар чанд рӯзи пеш ҳуҷуми Толибон ба дидбонгоҳи пулис дар вилояти нисбатан ороми Афғонистон Бомиён сабт шудааст. Дар ин ҳамла низ нуҳ нафар ба қатл расидааст.

Бинобар инфиҷори минаҳои сарироҳӣ дар ҳудуди вилояти ғарбии Ғур чаҳор нафар аз афроди мулкӣ, бахусус як кӯдак ба ҳалокат расид. Як рӯз пештар аз он дар вилояти марказии Дайкундӣ аз минаи сарироҳӣ автобуси мусофирбар мунфаҷир шуда, 14 фарди мулкӣ, бахусус панҷ кӯдак кушта шуд. Танҳо дар ду ҳафтаи моҳи сентябр Толибон 98 нафар аз афроди мулкиро ба қатл расонд. Чунин омор комилан аз он мегӯяд, ки Толибон талоше барои сулҳ дар кишвари худ намекунад ва ҳамчунин мувофиқати имзои созишномаи сулҳ бо ҳадафҳои гурӯҳи террористиро машкук ҷилва медиҳад.

Албатта, ҷангҷӯёни Толибон низ кушта мешаванд. Дар минтақаи Қӯҳистони вилояти шимолу шарқии Бадахшон нуҳ ҷангҷӯ захмӣ ва кушта шуданд. Ҳамчунин дар ин вилоят чаҳор нафар аз нерӯҳои Толибон бо шумули як фармондеҳи воломақоми он кушта шуд. Дар ҷанги вилояти шарқии Каписо 65 толиб ба қатл расид. Ҳамин тариқ қиёси арқоми афроди кушташуда ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои Толибон нисбат ба нерӯҳои низомӣ, пулис ва афроди мулкӣ камтар кушта мешаванд. Ба назар мерасад, нерӯҳои амниятии афғонистонии бо кумаки Амрико ва эътилофи амрикоӣ сохташуда дар робита ба маҳви террористон ба ҳадди кофӣ муваффақ нестанд ва таҳвили чаҳор ҳамлагари сабуки “A-29 Super Tucano”-и бразилӣ ба Вазорати дифои Афғонистон вазъро тағйир намедиҳад (артиши Афғонистон ҳудуди 20 адад аз чунин мошинҳо дорад).

Дар бозмондаҳои хушк

Толибон ба ҳар қимате бо шумули қурбонии зиёде аз афроди мулкӣ талош барои қудрат мекунад ва бо пирӯзӣ ба ҳукумати қонунии Афғонистон ҳам ором намегирад (дар чунин ҳол ҷамъияти Кобул ва дигар манотиқи маскунии ин кишварро торикӣ ва хушунати асримиёнагӣ фаро мегирад). Имрӯз Толибон дар аҳди худ бо амрикоиҳо содиқ нест. Ба назар мерасад, Толибон барои мардуми гуногунмиллату гуногунэътиқод ва ҳамсояҳои минтақаии худ қобили эътимод нест, яъне хатарнок аст.

Изҳороти чанде қабли дафтари қатарии Толибон дар робита ба он ки ин ҳаракат ба бурузи таҳдиди амниятӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза намедиҳад, сабук ва бедалел ба назар мерасад. Яке аз сарварони он Мулло Ғанӣ Бародар таъйид менамояд, ки баъди хурӯҷи низомиҳои Амрико аз Афғонистон ҳузури Толибон ба унвони гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар хотима меёбад ва онҳо ин ҷумҳуриро ба “кишвари амну муваффақ” табдил медиҳанд. Чӣ халал мерасонад, ки оташкушоиро қатъ ва корҳои некро имрӯз оғоз кунанд, дар ҳоле ки дар кишваре бо беш аз 30 миллион ҷамъият тақрибан амрикоие намондааст?

Гузашта аз ин ИМА, бахусус фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод талош мекунад, раванди музокироти байниафғониро ташвиқ кунад. Аммо Толибон дар раванди музокирот ба рӯйи аҳкоми мазҳаби ҳанафӣ, яке аз мазоҳиби аҳли суннат пофишорӣ мекунад. Кобул ба ин назар аст, ки набояд дар доираи меъёрҳои аҳли суннат маҳдуд шуд, зеро дар Афғонистон пайравони мазҳаби шиа ва дигар адён низ зиёданд. Гуфтугӯи миёни Кобул ва Толибон дар Доҳа вориди кӯчаи сарбаста шудааст, гурӯҳҳои тамос шаш бор дидор карданд, аммо дар робита ба феҳрасти масоили матраҳ дар музокирот ба ризоият нарасиданд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ қасди дидор бо Толибонро надорад, балки дар ҷиҳати муборизаи мусаллаҳона бо террористон изҳори омодагӣ кард. Аммо “туҳфаи солинавӣ”-и Доналд Трамп (тасреи хурӯҷи низомиёни  Амрико) эҳтимоли тавофуқи сиёсӣ ва сулҳомез дар Афғонистонро коҳиш медиҳад. Бахусус раисҷумҳури Амрико муҳавватаи зиёде барои тағйири самти ҳаракат надорад. Трамп ҷанги тӯлонитарин дар таърихи Амрико дар Афғонистонро оғоз накардааст, аммо ӯ ваъда додааст, ки ин ҷангро хотима медиҳад.

Хотиррасон мекунам, ки артиши Амрико соли 2001, баъди террори 11-уми сентябр вориди Афғонистон шуд. Ҳадафи ҳуҷум мубориза бо Толибон маҳсуб мешуд, ки раҳбари "Алқоида" (мамнуъ дар қаламрави Русия)-ро пинҳон карда буд. Ҳадди ниҳоии низомиёни Пентагон дар Афғонистон ба 110 ҳазор нафар расид. Дар тӯли 19 соли амалиёти низомӣ амрикоиҳо беш аз 2300 нафар аз низомиёни худро аз даст доданд ва ҳудуди 20 ҳазор нафар аз онҳо захм бардоштанд. Акнун вақти хурӯҷ бо сулҳи нангин фаро расид.

Барчаспҳо:
неруҳо, Амрико, Толибон, туҳфа, Ҳукумат, Русия, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ