20:41 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
19410

Бархурди ду чархболи артиши Афғонистон бо якдигар дар вилояти Ҳилманд 15 кушта барҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазорати дифои Афғонистон эълом кард, ки бомдоди имрӯз ду чархболи MI-17 –и нерӯи ҳавоии ин кишвар ҳангоми бархостан дар шаҳристони Новаи вилояти Ҳилманд дучори мушкили фаннӣ шуданду бо якдигар бархурд карданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва Симо"-и Эрон.

 Дар натиҷаи ин ҳодиса камаш 15 низомии афғон кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.

Даргириҳои шадиде миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар бархе аз манотиқи вилояти Ҳилманд дар се рӯзи ахир ба шакли бесобиқае шиддат гирифта аст ва Толибон тавониста ҳавзаи чаҳоруми амниятии шаҳри Лашкаргоҳ ва бархе дигар аз посгоҳҳо дар шаҳристонҳои Нова ва Нодалиро тасарруф кунад.

Омори дақиқе аз талафоти ин даргириҳо мунташир нашуда, аммо вазорати дохилаи Афғонистон пештар эълом карда буд, ки беш аз 80 узви Толибон дар шаҳристонҳои Нова ва Наҳруссироҷ кушта шудаанд.

Лашкаргоҳ-маркази Ҳилманд аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон ба шумор меравад.

Барчаспҳо:
бархурд, ҳалокат, Ҳилманд, артиш, чархбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ