10:40 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ эълон доштааст, ки мизони фақр дар Афғонистон афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, мизони фақр дар Афғонистон бар асари ҳамагирии вируси корона 72 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 15 миллион афғонистонӣ аз назари иқтисодӣ осебпазир ҳастанд.

Пештар Бонки Ҷаҳонӣ 380 миллион доллар ба Афғонистон барои муқобила бо вируси корона ихтисос дод.

Идораи омори Афғонистон ду соли пеш эълом карда буд, 54,5 дарсади ҷамъияти ин кишвар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, то кунун беш аз 40 ҳазор дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод як ҳазору 481 нафар фавт кардаанд.

Аммо манобеи ғайрирасмӣ шумори беморони коронаро дар Афғонистон чанд баробари омори расмӣ медонанд.

Барчаспҳо:
вируси корона, гузориш, фақр, Бонки ҷаҳонӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ