10:14 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2242 0 0

Шахсияти марде, ки ин ҳодисаро ба навор гирифтааст муайян карда шуда ва ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон як шаҳрвандеро боздошт кардаанд, ки дар пеши чашми ҳазорон корбари интернет китоби Қуръонро пора кардааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ВКД.

Рӯзи 29 октябр дар шабакаи иҷтимоии TikTok наворе паҳн шудааст, ки дар он марде, ки худро бедин мехонд, китоби муқаддаси мусалмонон Қуръонро пора кард. Ин навор  дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниш ва баҳси зиёде ба бор овард.

Акси Макронро оташ заданд: эътирозҳои густурда назди сафорати Фаронса дар Эрон - акс

"Парванда таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Дар натиҷаи тафтишот шахсияти марде, ки навор гирифтаву дар интернет паҳн кардааст, муайян карда шуда ӯ ба тафтишоти пешакӣ ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи итилои манбаъ, нисбати ин мард бар асоси моддаи 156  қисми 2 Кодекси ҷиноӣ ("Барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ") парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

Қаблан, аз мардуми Ӯзбекистон даъват шуд, ки ба хотири карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с), ки дар аввали моҳи сентябр аз ҷониби маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo нашр шуд, ба эҳсосот дода нашаванд.

Барчаспҳо:
ВКД, пора, Қуръон, китоб, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ