21:51 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
85 0 0

Аз авоили хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар Қирғизистон аллакай 1 155 нафар ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ боз 5 нафари дигар фавтиданд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Қирғизистон.

Бо илова шудани 5 ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди умумии қурбониёни коронавирус ба 1 155 нафар баробар шуд.

Манбаъ меафзояд, се мариз дар Бишкек ҷон дода, яктогӣ дар вилоятҳои Талас ва Ботканд фавтиданд.

Криштиану Роналду аз коронавирус шифо ёфт

Бар тибқи маълумоти расмӣ, дар Қирғизистон алъон чандин ҳазор нафар мубталои коронавирус буда, аз нисф зиёди онҳо дар шароити амбулаторӣ табобат мегиранд.

Гуфта мешавад, феълан 111 дардманд дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (868)
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ