20:28 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Раисҷумҳури Эрон гуфт, бо тасвиби ситоди миллии мубориза бо корона ба муддати 10 рӯз маҳдудиятҳои ҷадид дар марказҳои 25 остон ва 46 шаҳристон иҷро хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо вируси корона гуфт, ки дар чорчӯби ин маҳдудият, тамоми иқдомоте, ки умдатан ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва таҷаммӯъ дар муносибатҳои мухталиф марбут мешавад, аз рӯзи чаҳоршанбеи ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

“Маҳдудиятҳое ҳам, ки пеш аз ин барои 43 шаҳристон тасвиб шуда буд, дар ин ҷаласа тамдид шудааст”, - гуфт Руҳонӣ.

Раисҷумҳури Эрон дар идома бо баёни ин ки барои мавқеият дар муқобила бо вируси корона ҳама бояд ба вазоифи мушаххаси худ амал кунанд гуфт, ки мардум бояд бо ҳама тавон ба саҳна биёянд ва бо риояти комили дастурамалҳои беҳдоштӣ ба давлат дар муқобила бо вируси корона кӯмак кунаннд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то зуҳри рӯзи шанбе 36 ҳазору 579 нафар бар асари бемории Ковид -19 ҷон бохтаанд.

Ҳамчунин дар 24 соати ахир 8 ҳазору 52 бемори ҷадиди Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва 852 бемор низ ҷони худро аз даст доданд.

Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 646 ҳазору 164  нафар расидааст.

Токунун афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 48 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 221 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 34 миллиону 403 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Барчаспҳо:
мақомот, тиҷорӣ, достон, вируси корона, маҳдудият, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ