01:12 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
464 0 0

Дар эътироз ба ҷонибдорӣ аз собиқ кишвардори зиндонӣ, дар баробари тарафдорони ӯ, инчунин ҳамсараш Раиса, писараш Сеид ва духтараш Алия иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 Ноябр - Sputnik. Дар Қирғизистон назди бинои Суди болоӣ, пайвандон ва ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев ҷамъ омаданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, новобаста аз сардии ҳаво, назди бинои суд дасти кам 15 нафар гирд омаданд ва раҳоиӣ собиқ кишвардорро талаб доранд.

Миёни ҷонибдорони Отамбоев, ҳамчунин ҳамсари ӯ Раиса, писараш Сеид ва духтараш Алия бо ҳамроҳии шавҳари худ ҳузур доранд.

Эътирозгарон аз суд, баргузор гардидани мурофиаи кушоду воқеиӣ судиро дархост мекунанд.

Зимнан, котиботи Суди болоӣ ба манобеъ хабар додааст, ки мурофиаи судӣ ба далели мариз будани додгустар ба вақти номаълум гузаронда шудааст.

Тирпаронӣ ба мошини зиреҳпӯши Отамбоев: собиқ президент аз сӯиқасд гуфт-видеоҳо

Ёдовар мешавем, собиқ кишвардори Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои даст доштан дар раҳоиӣ ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев ба 11 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Зимнан, ӯ дар натиҷаи нооромиҳои рӯзҳои 5-6 октябр ба озодӣ баромад. Пас аз ин, рӯзи 9 октябр дар маркази Бишкек бо иштироки Отамбоев гирдиҳамоӣ баргузор шуд, ки дар ҷараёни он задухӯрд бо гурӯҳи тазоҳургарони тарафдори Содир Ҷабборов сурат гирифт. Рӯзи дигар Отамбоевро дигарбора боздошт намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Отабоевро дар парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тош дар тобистони соли 2019 низ муттаҳам мекунанд.

Барчаспҳо:
навор, эътироз, суд, пайвандон, Алмосбек Отамбоев

Мавзӯъҳои асосӣ