10:16 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Сухангӯи Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аз таътилии 150 шаҳру калоншаҳри ин кишвар аз рӯзи шанбеи 21 ноябр ба муддати 2 ҳафта хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Алиризо Раисӣ бо ишора ба густариши рӯзафзуни омори ибтило ва маргу мир аз ҳисоби густариши корона дар ин кишвар афзуд, ки бар асоси охирин омори 25 маркази устон дар кишвар ва 124 шаҳри дигар дар вазъи сурх қарор дорад, ки дар ин шаҳрҳо аз соати 9 шаб то 4 субҳ рафтуомад мамнуъ хоҳад буд, иттиоло додааст хабаргузории Форс.

Инчунин Алиризо Раисӣ таъкид доштааст, ки дар даври ҷадиди маҳдудиятҳои коронаӣ ҳамаи машоғил ба ҷуз машоғили сатҳи як, ки таъминкунандаи лавозиму колоҳои зарурии мардум ҳастанд, монанди супермаркет‌ҳо, нонвоиҳо, марокизи имдоду наҷот ва бахшҳои дармонӣ, бемористонҳо, мактабҳову дорухонаҳо таътил мешаванд ва дар бахши идорӣ ҳам ҳаддиаксар як сеюми коркунон ҳақ доранд дар маҳали кор ҳозир шаванд.

Сухангӯи Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон таъкид кард, ки ҳамчунон ҳамаи мадорису донишгоҳҳо ғайриҳузурӣ ва марокизи мазҳабиву фарҳангӣ ва намозҳои ҷумъаву ҷамоат ҳам ба муддати ду ҳафта таътил аст.

Маҷмӯи беморони COVID - 19 дар Эрон ба 801 ҳазору 894 нафар ва шумори қурбониёни ин беморӣ ба 42 ҳазору 941 нафар расидааст.

Имрӯз 480 бемори коронаӣ дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.

Барчаспҳо:
ситод, шаҳр, таътил, вируси корона, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ