08:21 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
196 0 0

Эҳтимол дорад амали террористӣ аз сӯи маргталаб анҷом гирифт. Таркиши мошини маргталаб дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ғазнии Афғонистон дар натиҷаи як амали террористӣ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расид ва 24 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст Ariana News дар истинод ба роҳбари беморхонаи маҳаллӣ.

Ба иттилои пизишкони вилояти Ғазни ҳамаи нафарони ҳалокшуда низомӣ мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳалӣ бомбе, ки дар дохилӣ мошин насб шуда буд, дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон таркидааст. Пеш ва баъд аз таркиш садои тирандозӣ низ шунида мешуд.

Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

Мақомот бар онаст, ки амали террористӣ аз сӯи як маргталаб сурат гирифтааст.

Баъд аз таркиш ба осмон дуди сиёҳ баромад ва мардуми маҳалли Қалаи Ҷозро нигарон кард. Дар ҳоли ҳозир, ба ҷои ҳодиса нирӯҳои иловагии артиши Афғонистон равон шуданд.

Зимнан, то ҳол ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон фаъоланд, ин амалро бар дӯш нагирифтанд.

Барчаспҳо:
низомиён, кушта, сарбоз, пойгоҳ, маргталаб, таркиш, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ