01:22 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
164801

Бино ба як навори видеоӣ, толибони тоҷикистонӣ ҳангоми забти вулусволии Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистон 24 пулиси маҳаллиро кушта, бинои маъмурии онро ба оташ кашидаанд

ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай, яке дигар аз вулусволиҳои Дарвозҳои Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин амалиётро нафаре ба номи “Юнус Арсалон”, табааи Тоҷикистон раҳбарӣ мекард.

“Он ҷо нерӯи кофии ҳукуматӣ набуд. Ҳамагӣ 25 сарбози пулис бо онҳо муқовимат мекарданд. Дар натиҷа Толибон 24 нафари онҳоро бераҳмона кушта, як нафар ҳам муваффақ ба фирор шудааст. Маркази вулусолӣ суқут карда, Толибон байрақи худро барафроштаанд”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.

Дар навори видеоие, ки аз сӯи як студияи гумном ба номи “Арсалон”, марбути толибони тоҷикистонӣ пахш шудааст, низ саҳнаҳои ваҳшату ҷиноят бармало дида мешаванд. Дар ин навор ба таври возеҳ гӯиши тоҷикӣ шунида мешавад ва гӯянда фармон медиҳад, ки ҳатто сарбозҳои ба нишони таслим даст бардоштаро тирборон кунанд.

Онҳо киянд?

Тафсилоти бештарро аз ин ҳамла ва забти вулусволии Моймай, ки 20 ноябри соли равон иттифоқ афтод, Латифи Пидром, сиёсатмадори маъруф ва раиси Кунгураи миллии Афғонистон, ки худ зодаи деҳаи Моймай аст, ба даст медиҳад.

Мавсуф дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст, ки ин кушташудагон ва Толибон ҳама тоҷик буданд ва ин гуруҳро чанд тан аз тоҷикҳои Тоҷикистон роҳбарӣ мекарданд.

Ба қавли ӯ, нафаре ба лақаби “Зикриё”, дар асл Басинбоӣ Гадоев, аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва “Юнус” - Абдулбосит Воҳидов, аз ноҳияи Рӯдакии навоҳии тобеъи ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуруҳро раҳбарӣ мекардаанд, ки мухолифи давлати Тоҷикистон ва ҳамрзм бо гурӯҳи Толибон дар Дарвозҳоянд.

Латиф Пидром дар як ҳамлаи террористӣ дар Кобул захми шуд - Навору акс

“Барои ман куштани тоҷик ба дасти тоҷик ва он ҳам тоҷики омада аз як сарзамини дигар ҷонгудоз ва ҷигарсӯз буд. Агар ин идда аз тоҷикон ба ҳар далеле наметавонанд оғӯши муҳаббат ва бародарӣ ба сӯи мо боз кунанд, набояд даст ба қатлу куштори мо бизананд. Низ ногуфта нагузорам, ки ба лиҳози шаръӣ ва ҳуқуқбашарӣ, касеро, ки даст ба аломати таслим баланд мекунад, набояд кушт, мешавад ӯро асир гирифт ва асирон ҳам ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ доранд, чизе, ки дар ин ҷанг риоят нашудааст”, - навиштааст Латифи Пидром.

Абдуғаффори Гардиш низ ин иттилоъро таъйид карда, гуфт, ин афрод баҳори соли равон бори аввал дар вулусволии Нусай аз худ дарак дода, бедодгариҳои онҳо низ аз ин ҷо шуруӯъ шудааст.

“Инҳо тақрибан 20 – 30 нафаранд ва аксари онҳо пас аз омадан бо духтарони мардуми маҳаллӣ хонадор шуда, зиндагӣ ҷӯр кардаанд. Онҳоро Толибони маҳаллӣ таҳти раҳбарии Ҷумъа Талбон пуштибонӣ мекунад, ки дар навбати худ аз Қорӣ Фасеҳуддин, фармондеҳи кулли Толибон дар Бадахшон итоат дорад”, - гуфт Абдуғаффори Гардиш.

Имрӯз – толиб, фардо – доишӣ?

Дар ҳамин ҳол, шеваи қатлҳои бераҳмонаи ин “гурӯҳи тоҷикӣ” - и Толибон аз нигоҳи коршиносони Афғонистон суолангез аст. Ба қавли онҳо, ин гурӯҳ баъдтар ниқоб аз чеҳраи худ бармедорад.

Ҳамид Раҳимзода, коршиноси маҳаллӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин шеваи қатлҳо хоси ҷангиёнест, ки дар саҳнаҳои ҷанги Ховари Миёна дар сафи гурӯҳи террористии ДОИШ тамрин дидаанд.

“Раҳбари онҳо “Арсалон” лақаб гирифтааст, ки вожаи туркӣ буда, ба забони тоҷикӣ маънои “шер” – ро дорад. Ин вожаи туркӣ бори аввал дар кӯҳистонҳои тоҷикнишин, ҳатто миёни исломгароҳо дучор меояд. Эҳтимолан, онҳо дар Туркия ё аз сӯи туркҳо тамрин дидаанд. Шариати исломӣ куштани рақиби таслимшударо маҳкум мекунад”, - гуфт Ҳамид Раҳимзода.

Аммо ин гурӯҳ, бино ба иттилое, ки мо дорем, ҳатто кушташудагонро сар мебуранд. Ҳамла ва ваҳшонияти онҳо бонги изтироб на фақат барои Афғонистон, балки Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои бузурге назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва дигар аст, меафзояд ӯ.

Дарвозҳо номи таърихии панҷ вулусволии Бадахшони Афғонистон – Нусай, Шикай, Хоҳон, Моймай ва Куфоб аст, ки бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи таҳаввулоте, ки дар Дарвозҳои Афғонистон мегузарад, гуфт, нерӯҳои амниятии кишвар вазъро таҳти назорат доранд ва ба ҷилавгирӣ аз ҳар иттифоқе омодаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ