14:31 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Фурудгоҳи Кобул субҳи имрӯз ҳадафи шиллики 10 мӯшаки террористҳо қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ин мушакҳо ба таъсисоти фурудгоҳӣ осебе нарасондааст, аммо тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки таркишҳои ракет ба як ҳавопаймои истодаи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” таъсир расонидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва симо".

Идораи ҳавонавардии ғайринизомии Афғонистон эълом кард, ки парвозҳои фурудгоҳи Кобул субҳи рӯзи шанбе пас аз партоби чанд мушак ба атрофи фурӯдгоҳ мутаваққиф ва пас аз ду соат азсар гирифта шуд.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъӯляти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Парвозҳои фурудгоҳи Кобул пас аз ду соат аз ин ҳамла аз сар гирифта шуд.

Амруллоҳ Солеҳ дар вокуниш ба ҳамалоти ракетии рӯзи шанбе ба манотиқи мухталифи Кобул, аз ҷумла фурудгоҳи ин шаҳр гуфт, давлати Ашраф Ғанӣ ба ин гуна ҳамалот посухи лозимро хоҳад дод.

20 рӯзи пеш ҳам 20 мушак ба нуқоти мухталифи Кобул партоб шуд, ки дар натиҷа 10 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 20 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Барчаспҳо:
террористӣ, ҳамла, фурудгоҳ, Кобул

Мавзӯъҳои асосӣ