20:34 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
124 0 0

Мақомоти Афғонистон аз ҳамлаи террористӣ ба мошини Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагон, дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул хабар доданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки ахиран дар масири ҳаракати мошини Хон Муҳаммад Вардак, узви Маҷлиси намояндагон, дар ноҳияи панҷуми шаҳри Кобул таркиш сурат гирифт, иттилоъ додааст сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон расман изҳор намуд, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақал ҳашт нафар кушта, 15 тани дигар захмӣ ва се мошин оташ гирифтаанд.

“Террористон имрӯз дар маҳаллаи 5-уми Кобул ҳамлаи террористӣ анҷом доданд”, — таъкид доштааст вазорати корҳои дохилии Афғонистон.

Гуфта шудааст, ки миёни захмиён кӯдакон, занон ва пиронсолон низ ҳастанд ва ба хонаҳои атрофи ҳодиса зарари ҷиддӣ расидааст

Худи Хон Муҳаммад Вардак, вакили парлумон захмӣ гардидааст.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе ба зимма нагирифтааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфта шудааст, ки дар се моҳи охир душманони мардуми Афғонистон 37 ҳамлаи интиҳорӣ (маргталабона) ва 510 таркиш анҷом доданд, ки мутаассифона наздики 500 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 1050 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

“Ин шеваи ҳамлаҳои террористӣ дар тамоми қонунҳои муҳориба ҷинояти ҳарбӣ ҳисобида мешавад”, - зикр кардааст манбаъ.

Мавзӯъҳои асосӣ