02:12 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Ин тасмим бо сабаби шиддати босуръати вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва инчунин пешгирии пайдоиши манбаъҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар қабул шудааст

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2020 то 10 январи соли 2021 иртиботи ҳавоӣ (парвозҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ) -ро бо Бритониёи Кабир, Италиё, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ  мебандад.

Ин тасмим бо сабаби шиддати босуръати вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва инчунин пешгирии пайдоиши манбаъҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар қабул шудааст.

"Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон меоянд ва дар тӯли 14 рӯзи охир дар ритониёи Кабир, Италиё, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ будаанд, бояд карантини ҳатмии 14-рӯзаро дар меҳмонхона гузаранд", - менависад "Ховар" дар истинод ба расонаҳои кишвар.

Илова бар ин, шаҳрвандони кишварҳои зикршуда, шахсони бешаҳрвандӣ, ки доимо дар ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандони кишвари сеюм, ки дар ин давлатҳо истиқомат мекунанд ё давоми 14 рӯзи охир дар онҷо будаанд, зери таъсири ин маҳдудият қарор мегиранд ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки дар тамоми ин муддат ба Ӯзбекистон ворид шаванд.

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Маҳдудият тадриҷан ҳангоми ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишварҳо бардошта хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ