04:51 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
341 0 0

Имрӯз шаҳрвандони Қирғизистон на танҳо сарвари давлат, балки шакли идоракуниро низ интихоб мекунанд, дар бюллетенҳо се вариант пешниҳод карда мешавад: президентӣ, парлумонӣ ва зидди ҳама

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. дар Қирғизистон имрӯз, 10 январ интихоботи президентӣ пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад.

Соати 8-и субҳ дар саросари кишвар 2474 ҳавзаи интихоботӣ кушода шуд. 48 ҳавзаи дигар дар хориҷи кишвар ҷойгиранд. Онҳо то соати 20.00 кор мекунанд.

Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Қирғизистон, ба шаҳрвандон ду бюллетени рангҳои гуногун супорида мешаванд: номҳои номзадҳо ба мансаби президентӣ бо сафед ва шакли идоракунӣ (президентӣ, парлумонӣ ва зидди ҳама) бо кабуд нишон дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ, 3.563.574 интихобкунанда ҳуқуқи овоз доданро дорад. То соати 10:00 дар овоздиҳӣ 2,8% (99,772 интихобкунанда) ширкат кардааст.

Овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи талаботи беҳдоштӣ сурат мегирад: шаҳрвандон бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд. Тавсия дода мешавад, ки кӯдакон дар хона гузошта шаванд.

Мақомот инчунин аз интихобкунандагон бо нишонаҳои зуком ё COVID-19 хоҳиш карданд, ки танҳо баъд аз соати 18.00 дар интихобот иштирок кунанд.

Бо мақсади бехатарӣ, дар ҳар як ҳавза ду пизишкӣ навбатдорӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
президент, интихобот, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ