21:44 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
67 0 0

То соати 12:00 бо вақти маҳаллӣ 28,8 дарсади овоздиҳандагон дар Қазоқистон дар интихобот ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Дар Қазоқистон рӯзи 10 январ интихоботи парлумонӣ дар палати поёнии кишвар ҷараён дорад.

Расо соати 07.00 бо вақти Нурсултон, дар кишвар ҳавзаҳои интихоботӣ боз шуданд. Дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳавза ҷойгир буда, дар ҳар кадоми онҳо талаботи санитарию гигиенӣ риоя карда мешавад.

Овоздиҳӣ соати 20.00 хотима меёбад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон. Аммо, дар вилоятҳо як соат пеш ҳавзаҳо пӯшида мешаванд, зеро ин минтақаҳо бо дигар вақт кор мекунанд.

Шумораи умумии интихобкунандагон 11.915.903 нафарро ташкил медиҳад.

То соати 12:00 бо вақти маҳаллӣ 28,8 дарсади овоздиҳандагон дар Қазоқистон дар интихобот ширкат карданд.

Дар Нурсултон то соати 12:00 24,2% интихобкунандагон, дар Алмаато - 15,7%, дар Шимкент - 34,1% овоз доданд.

Дар интихобот Ҳизби Халқии Қазоқистон, ҳизби ҳукмрони Нур Отан (Ҳизби Нури Ватан), Ҳизби Халқии Демократии Ватандорӣ (Деҳа), Ҳизби Демократии "Ак Жол" (Роҳи равшан) ва ҳизби Адал (" Ростқавлӣ ") рақобат мекунанд.

Барои ба парлумон ворид шудан, ҳизб бояд монеаи 7% -ро паси сар кунад. Маҷлиси намояндагон ҳадди ақалл аз ду ҳизб ташкил карда мешавад.

Барчаспҳо:
Парлумон, Қазоқистон, интихобот

Мавзӯъҳои асосӣ