18:21 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2071 0 0

Ривояте хурофотӣ аз иртибот доштани фасоди ахлоқӣ бо адади 39 боис шуд, ки давлати Афғонистон тасмим бигирад то ин ададро ба сурати комил аз раванди сабти рақами мошинҳо ҳазф кунад

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Тайи солҳои ахир хурофоте, ки адади 39 - ро намоди “фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ” унвон мекунад, сабаби мушкилоти фаровоне дар Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Дар Афғонистон мошинҳои дорои рақами 39 афзун бар он ки ба ронандаҳо ба чашми афроди фосид нигоҳ мешавад, ҳангоми харидуфурӯш низ ба далели доштани ин адад дар пилок, як сеюми қиматро аз даст медиҳанд.

Худдории шаҳрвандон аз дарёфти рақами дорои адади 39 фурсатро барои фасод дар идораҳои ронандагӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овард, ба тавре ки гоҳе маъмурони судҷӯ ва фосид ба муштариҳое, ки барои гирифтани рақам ба идораи ронандагӣ муроҷиа мекарданд, эълом мекарданд, ки навбати онҳо ба адади 39 расидаву онон маҷбур ҳастанд пилоке бо ин адад бигиранд.

Аммо муштариён аз гирифтани ин навъ рақам худдорӣ кардаву ба маъмурон пешниҳоди ришва мекарданд, ки боиси густариши фасод дар ин идора гардиду аз тарафи дигар осеби ҷиддӣ ба буҷети давлат низ ворид кард.

Акнун давлати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ва гирифтани ришва аз муроҷиин дар идораи роҳнамоӣ - ронандагӣ аз рӯзи шанбеи 16 январ адади 39 - ро ба таври комил аз чархаи сабт дар пилокҳои худравҳо ҳазф ва заминаи ришваву фасодро аз байн бибарад.

Барчаспҳо:
ронанда, мошин, рақам, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ