Ҷанҷоли кабку бедона дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

© Александр Хроленко Строящееся правительственное здание в Кабуле
Строящееся правительственное здание в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Афғонистон нашр шудани хабар дар бораи харидории 18 навъи гӯшт танҳо барои ниҳодҳои марбут ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон ғавғоеро хезонд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Расонаҳои Афғонистон чанд рӯзи ахир аст, ки дар бораи "Ҷанҷоли кабку бедона дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон" гузоришҳо медиҳанд.

Бино ба иттилои манобеъ, хабари як намояндаи парлумон дар бораи он ки дар кишвар танҳо барои идораҳои марбут ба раёсати ҷумҳурӣ 18 навъи гӯшт, аз гӯшти бедона то кабкро харидорӣ мекунанд, ҷанҷолеро барпо кардааст.

Тавре "Парс тудэй" менависад, Хон Оқои Ризоӣ намояндаи порлумони Афғонистон дар бораи қарордоди хариди 18 навъи гӯшт барои ниҳодҳои марбут ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон хабар дод ва аснодеро низ дар ин маврид нашр кард.

Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон
“Фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ”: чаро ронандаҳои афғон аз дарёфти рақами 39 худдорӣ мекунанд

Санаде, ки намояндаи Кобул дар маҷлиси намояндагони Афғонистон дар сафҳаи Твиттериаш мунташир карда нишон медиҳад, ки пешниҳоди хариди 18 навъи гӯшт ба арзиши ҳаддиақали 63 миллиону 940 ҳазор афғонӣ ( ҳудуди 500 ҳазор доллар ) барои раёсати идораи умури раёсати и ҷумҳурии Афғонистон, дар торихи 1399/9/29 ( 19 декабри 2020 ) барои таъйид ба идораи тадорукоти миллии ин кишвар фиристода шудааст.

Бар асоси ин санади ширкати довталаб барои ин қарордод ҳаддиақал 67 миллион афғонӣ ва ҳаддиаксар 81 миллион афғонӣ қимат пешниҳод кардааст.

Идораи умури раёсати ҷумҳурии Афғонистони пеш аз ин бо радди иддаои харидории 18 навъи гӯшт гуфта, ки маҷмӯи ҳазинаи сабзиҷоти харидорӣ шуда дар соли 1399 хуршедӣ ҳудуди 60 миллион афғонӣ ( 800 ҳазор доллар ) будааст, ки барои ҳазорон корманд дар даҳҳо идораи давлатии Афғонистон, аз ҷумла раёсати ҷумҳурӣ, шӯрои мусолиҳа ва дафтари Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури пешин харидорӣ шудааст.

Ду Президенти як давлат ба тавофуқ расиданд: буҳрони сиёсии Афғонистон хотима меёбад?

Бо тавваҷӯҳ ба вазъияти иқтисодии номусоид ағлаби мардуми Афғонистон, ин хабари вокунишҳои бисёр манфии ононро дар пай доштааст.

Лентаи хабарҳо
0