11:54 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
335810

Муовини дафтари сиёсии Толибон эълом кардааст, ки агар Муҳаммад Ашрафи Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон истеъфо диҳад, гурӯҳи Толибон ҳозир ҳастанд, ки оташбас кунад ва бо давлати ҷадид канор биёяд

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, муовини сиёсии дафтари Толибон бо тарҳи ин иддао, ки давлати Афғонистон монеи барқарории сулҳ аст, афзуд, давлати кунунии ин кишвар бояд канор баравад ва давлати ҷадиде дар Афғонистон бар сари кор ояд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Ба иттилои манбаъ, Станакзай дар ташреҳи модели мавриди назари Толибон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро ба хурӯҷи комили ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон машрут донист ва таъкид кард, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, ин гурӯҳ силоҳи худро бар замин намегузорад.

Станакзай ҳамчунин гуфт, Толибон аз кишварҳои минтақа монанди Чин, Русия, Эрон ва Покистон хостааст, ки аз раванди сулҳи Афғонистон ҳимоят кунанд.

Аз сӯи дигар Давохон Минапол, муовини сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар посух ба ин изҳорот гуфтааст, “вогузории қудрат дар ин кишвар машрут ба ин аст, ки давлати баъдӣ мунтахаби мардум бошад”.

Даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон ба манзури поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар аз нуҳуми январ дар Қатар оғоз шудааст.

Барчаспҳо:
истеъфо, Ашраф Ғанӣ Аҳмад, сулҳ, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ