02:50 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2968 0 0

Маълум шуд, ки чаро президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, ки қаблан ба бозпурсӣ даъват шуда буд, бо ҳамроҳии оилааш кишварро тарк кард

ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Сабаби аз ин кишвар рафтани президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков эълон шуд. Tengrinews дар ин бора бо истинод ба адвокати сиёсатмадор Ҷиргалбек Бобоев менависад.

Субҳи имрӯз дақиқ шуд, ки собиқ сарвари давлат Қирғизистонро тарк намуда, аз фурудгоҳи байналмилалии Манас ба Истамбул рафтааст. Гуфта мешавад, ӯ аз як шаҳри Туркия қасд дорад ба Арабистони Саудӣ парвоз кунад.

"Сооронбой Жээнбеков барои адои маросими ҳаҷи хурд - Умра ба Макка парвоз кард. Президенти собиқ ин сафарро бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад ва онро аз моҳи ноябри соли 2020 ба нақша гирифтааст", - гуфт Бабаев.

Ба гуфтаи ӯ, вуруд ба кишвар бинобар пандемияи коронавирус маҳдуд буд ва сафар ба Арабистони Саудӣ танҳо бо даъватномаҳои расмӣ имконпазир буд.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев

Адвокати сиёсатмадор илова кард, ки ҳаҷи хурд беш аз 10 рӯз давом мекунад ва сипас президенти собиқи Қирғизистон ба Бишкек бармегардад.

Чанде пеш маълум шуд, ки Сооронбой Жээнбеков ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек даъват шудааст, то дар парвандаи собиқ муовини сарвазир Дуйшенбек Зилалиев шаҳодат диҳад.

Ғайр аз он, иштирокчиёни рӯйдодҳои октябр дархост карданд, ки Жээнбеков ба ҷавобгарии ҷиноятӣ аз сӯи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кашида шавад.

Онҳо боварӣ доранд, ки президенти собиқ ҳақ надошт, ки фармони пароканда кардани гирдиҳамоии 5 октябрро содир кунад.

Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.

Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид - Сооронбай Жээнбеков, ки пеш аз интихобот вазифаи сарвари давлатро ишғол мекард, истеъфо дод.

Мансаби иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистонро сарвазир Содир Ҷабборов, ки пеш аз ошӯб 11 сол ҳукм гирифта буд, гирифт.

Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд

Интизор меравад, ки дар ин кишвар интихоботи такрорӣ ба Жогорку Кеңеш баргузор мешавад ва интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ рӯзи 10 январ баргузор шуд, ки дар он Ҷабборов пирӯз гашт.

Барчаспҳо:
собиқ президент, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ