04:01 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 мавриди тадовӣ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон, Алмосбек Отмабоевро ба толори додгоҳ наоварданд, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи ноҳияи Первомай.

Бар хабари манбаъ, собиқ раисҷумҳур мариз аст ва феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 табобат мегирад.

Ҳамин тариқ мурофиаи навбатӣ ба рӯзи 17 феврал гузаронда шуд. Ин аллакай маротибаи чандум мешавад, ки бинобар бад будани вазъи саломатии Отамбоев мурофиаи ӯ баргузор намегардад ва ба таъхир меафтад.

Алмосбек Отамбоев ҳоло дар колонияи ислоҳии рақами 47 нигаҳдорӣ мешавад, ки дар он маҳбусон ё маҳкумшудагон табобат мегиранд.

Ӯро бинобар бад шудани вазъи саломатияш охири соли 2020 аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол доданд. 

Президенти собиқ барои раҳоии Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Суди олӣ ин ҳукмро бекор кард ва парвандаро барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Первомайск ирсол кард.

Эътирози пайвандон ва ҷонибдорони Отамбоев назди бинои суд - навор

Бояд гуфт, ки Отамбоев ҳамчунин дар дигар парвандаҳои ҷиноӣ низ айбдор мешавад. Қаблан суд қарор кард, ки ҳамаи парвандаҳояшро дар як мурофиа якҷоя баррасӣ кунад.

Барчаспҳо:
таъхир, мурофиа, маризӣ, Алмосбек Отамбоев

Мавзӯъҳои асосӣ