Ҷалолӣ: тавлиди “Спутник V” дар Эрон метавонад ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкПосол Ирана в РФ Казем Джалали
Посол Ирана в РФ Казем Джалали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Русия эълом кард, ки дувумин маҳмулаи ваксинаи русӣ, мавсум ба “Спутник V” ахиран бо як парвози ихтисосӣ ба Теҳрон ирсол шуд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Сайид Козими Ҷалолӣ афзуд, ки маҳмулаи дувуми ваксинаи коронаи русии “Спутник V” тибқи ваъдаи мақомоти беҳдоштии рус панҷшанбешаб таҳвили Сафорати Эрон ва имрӯз- ҷумъа бо як парвози ихтисосӣ ба Теҳрон ирсол шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Медработник вводит вакцину от коронавируса Спутник V в прививочном пункте по вакцинации от COVID-19 в городской поликлинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Дар Эрон эмгузаронии саротосарӣ бо ваксинаи “Спутник V” оғоз ёфт
Козими Ҷалолӣ гуфт, ки тибқи барнома маҳмулаи сеюм низ 30 исфанд ирсол мешавад ва маҳмулаҳои баъдӣ ба ҳамин ривол ҳар ду ҳафта як бор то расидан ба ду миллион дозаи комил идома хоҳад ёфт.
Ҷалолӣ изҳор дошт, ки дар сафари ҳайати Вазорати беҳдошти Эрон дар ҳафтаи ҷорӣ гуфтугӯҳои хубе байни мақомҳои Вазорати беҳдошти Эрон ва Русия анҷом гирифт, ки метавонад нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар равобити ду кишвар дар арсаи беҳдошту дармон бошад.
“Эрон аҳамияти вижае барои ҳамкориҳои беҳдоштиву дармонӣ бо Русия қоил аст ва ба ҳамин далел ҳайате дар чунин сатҳ эъзом кардааст, ки инро нуқтаи атф медонем”, зикр кардааст сафири Эрон дар Русия.
Сафири Эрон дар бораи тавофуқи Теҳрону Маскав дар заминаи тавлиди муштараки ваксинаи “Спутник V” дар Эрон гуфт, ки бисёр зудтар аз он чӣ тасаввур мешуд, Эрон ва Русия дар заминаи тавлиди муштараки ваксина ба тавофуқ расиданд ва ба зудӣ тавлиди ваксинаи “Спутник V” дар Эрон оғоз мешавад.
Эрон ба “Спутник V” бовар кард: Нахустин маҳмула аз ваксинаҳо ба Теҳрон расиданд - видео
Ҷалолӣ таъкид дошт, ки бо оғози тавлиди ваксина дар Эрон, ҷумҳурии исломӣ метавонад илова бар эмгузаронии шаҳрвандони эронӣ, ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад.
Лентаи хабарҳо
0