21:48 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
462 0 0

Ӯзбекистон тасмим дорад то оғози соли 2023 пурра аз алифбои сирилик даст кашад ва аз алифбои лотинӣ истифода кунад

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik.  Вазорати додгустарии Ӯзбекистон ахиран дар баёнияе эълом кард, ки давлати ин кишвар торихи мушаххасшуда ва нақшаи роҳи ин тарҳро таъйид кардааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Ин тасмими давлати Ӯзбекистон камтар аз чаҳор моҳ пас аз он эълом шуда, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар  дар фармоне хостори суръати бештар дар гузари комил ба алифбои лотинӣ шуда буд.

Забони ӯзбекӣ ва дигар забонҳои Осиёи марказӣ то авохири даҳаи 1920 бо хати форсӣ-арабӣ навишта мешуд ва сипас алифбо ба лотинӣ тағйир ёфт то он ки Шуравӣ дар соли 1940 алифбои русиро ворид кард. 

Дар соли 1993 камтар аз ду соли пас аз фурӯпошии Шуравӣ, Ӯзбекистон гузар ба алифбоии лотӣнро оғоз кард, аммо алифбоии русӣ ҳамчунон ба таври густардае мавриди истифода аст. 

Дар кишвари Қазоқистон ҳам қарор аст раванди гузар ба алифбоии лотинӣ то соли 2025 комил шавад. 

Туркманистон дар соли 1993 ва Озарбойҷон ҳам дар 25 декабри 1991 алифбои русиро бо алифбоии лотинӣ ҷойгузин карданд.

Барчаспҳо:
алифбо, хати лотинӣ, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ