02:55 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Пешнависи қонуни нави бузургдошти иди Наврӯз дар Қазоқистон ба муддати 10 рӯз омода ва барои ироа ба афкори умумӣ дар як пойгоҳи интернетӣ қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳадаф аз таҳияи ин пешнавис тарвиҷ ва ниҳодина кардани арзишҳои муштараки фарҳангӣ барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар ин кишвар эълом шудааст.

Тасвиби ин қонуни нав, баргузории ҷашни Наврӯзро дар Қазоқистон ғанитар мекунад.

Бар асоси ин қонун, ойинҳои иди Наврӯз дар Қазоқистон аз 14 то 23 март барпо мешавад ва ҳар рӯз бо як унвони вижае монанди рӯзи Салом, рӯзи Табиат, рӯзи ёдбуди ниёкон, рӯзи таърих ва рӯзи хираду дониш гиромӣ дошта хоҳад шуд.

Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар сомондеҳии рӯйдодҳои наврӯзӣ бояд ба афзоиши маҳбубияти арзишҳои миллӣ аз тариқи намоши либосҳои миллӣ, созмондеҳии бозиҳои маҳаллӣ, пахши мусиқии миллӣ дар маконҳои умумӣ ва эҳёи одобу суннатҳои миллӣ тавваҷуҳ шавад.

Наврӯз дар Эрон ва Афғонистону Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ, Сурия Гурҷистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Албания, Туркия, Туркманистон, Ҳинд, Покистон ва Узбакистон ҷашн гирифта мешавад.

Барчаспҳо:
таҷлил, Наврӯз, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ