22:51 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)
108 0 0

Вируси COVID - 19 дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ҳамоно фаъол аст ва ҳамарӯза ҷони чандин маризонро мегирад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта фавти боз 6 дардманди ин вирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Қирғизистон 93 ҳолати сироятшавию дар Тоҷикистон 0: омори нави коронавирус

Ба иттилои манбаъ, 5 бемор дар шаҳри Бишкек ва 1- и дигар дар вилояти Ҷалолобод ҷон аз даст доданд. Гуфта мешавад, давоми моҳи ҷорӣ ин калонтарин нишондиҳандаи фавт аст. Қаблан, рӯзи 8  феврал 5 бемори коронавирус ба ҳалокат расида буданд. Ҷамъан дар Қирғизистон 85 855 гирифтори коронавирус шуданд.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон низ 6 бемори коронавирус ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Манбаъ меафзояд, ҳоло беш аз 21 ҳазор маризи коронавирус дар Қазоцистон табобат мегиранд, ки вазъи 54 бемор ниҳоят вазнин буда, ҳамчунин 45 нафар аз тариқи дастгоҳи нафасдиҳиӣ сунъӣ нафас мекашанд.

Дар умум вируси COVID - 19 дар Қазоқистон беш аз 207 ҳазор нафарро домангир кард, ки зиёда аз 2,5 ҳазор бемор ҷони худро аз даст доданд.

Дар Тоҷикистон бошад, беш аз 1 моҳ ягон мавориди строятшавии сокинон ба коронавирус сабт нагардидааст ва масъулони соҳаи беҳдошт орӣ шудани ҷумҳурӣ аз вирус хабар медиҳанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)
Барчаспҳо:
фавт, маризӣ, Қирғизистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ