12:44 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Осиёи Марказӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
65920

Дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангони тоҷиконро аз нав интихоб карданд. Пештар раиси марказ истеъфо дода буд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гуландом Субҳонова, собиқ вакил дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони кишвар интихоб гардид. Дар ин бора расонаҳои кишвар хабар медиҳанд.

Пештар раиси ин марказ шоир, олим ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад истеъфо дода буд.

"Гуландом Субҳонова раиси нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон интихоб карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин оинномаи нави Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия шудааст,  қабул гардид ва барои тасдиқ ба Вазорати адлияи ҶӮ ирсол хоҳад шуд.

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Борҳо вакили шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.

Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Феълан сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – "Ориёно" дар Тошканд ва "Суғдиён" дар Чирчиқ иборат аст.

Дар қатори лоиҳаҳои калоне, ки ин марказ амалӣ намудааст, метавон  роҳандозии ҷашнвораҳоро бахшида ба  2700-солагии Авасто, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ном бурд.

Масъуди Мирзо дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикон интихоб шуд-акс

Марказ ҳар сол Рӯзи забони тоҷикӣ, мушоираҳо, мулоқот бо адибони тоҷик,  озмуни донандагони беҳтарини таъриху фарҳанги тоҷик, мусобиқаи фарогир оид ба бозии қадимаи ниёгони мо – шоҳмот доир менамояд, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ва ғайра ҳиссаи муносиб мегузорад.

Бо Марказ бисёр шахсиятҳои маъруфи Ӯзбекистон – фарзандони миллати тоҷик, амсоли академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, поягузори Мактаби байналмилалии кайҳоннавардони наврас Шавкат Воҳидов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, меъмори самарқандӣ Мирумар Асадов ва дигарон ҳамкорӣ доранд.

Барчаспҳо:
вакил, раис, Ӯзбекистон, тоҷик

Мавзӯъҳои асосӣ