20:05 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе

Made in Russia: тоҷикистониҳо бештар дар мағозаҳо маҳсулоти русӣ меҷӯянд

© Sputnik / Амир Исаев
Ахбори ширкатҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
33420

Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Имрӯзҳо маҳсулоте, ки дар Русия истеҳсол мешаваду ба Тоҷикистон ворид мегардад, назаррас мебошад ва миёни мардуми тоҷик маҳбубияти зиёд пайдо кардааст.

Мағозаҳои Тоҷикистон – маҳсулот аз Русия

Имрӯз дар мағозаҳои Тоҷикистон метавон тақрибан тамоми маҳсулоти истеҳсоли Русияро пайдо кард.

Дар мағозаҳо ва мағозаҳои бузурги Тоҷикистон навъҳои гуногуни йогурту нӯшокиҳои шири аз Русия  мешавад.

Пештар шир, қаймоқ ва шири баста ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешуд, аммо солҳои охир соҳибкорони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ватаниро ба роҳ монаданд ва маҳсулоти хориҷиро дар бозори дохилии кишвар иваз намуданд.  Акнун аз Русия танҳо йогурту нӯшокиҳои ширӣ ворид мегардад.

Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе

Аммо ин маънеи онро надорад, ки бо роҳандозии маҳсулоти ватанӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон қаймоқу шири истеҳсоли Русия дигар пайдо кардан ғайри имкон аст. Ҳоло маҳсулоти истеҳсоли Русия дар мағозаҳои ҷумҳурӣ  ба момнанди маҳсулоти кишварҳои Аврупо бастабандӣ шуда ба фурӯш гузошта шудааст. 

Содироти масолеҳи кишоварзии Тоҷикистон ба Русия 85,4 дарсад афзойиш ёфт

Тоҷикистониҳо имрӯзҳо барои харидории молҳои истеҳсоли Русия майли бештар доранд. Барои мисол, занҳои тоҷик барои пухтупази кулчақанду шириниҳои гуногун аз равғанҳои омехтаи набототи навъи “Кремлёвский”, “Хозяюшка”-и Русия истифода мебаранд. Аз равғанҳои растанӣ занҳои тоҷик аз “Олейна”, “Слобода” ва ғайра истифода мекунанд. Инчунин, ба тоҷикистониҳои қаҳваҳои навъи мухталифи ҷаҳон, ки дар Русия бастубанд мешаванд, писанд аст. Сокинони Тоҷикистон ҳамчунин барои харидории шакару қанди сафеди Русия майли зиёд доранд. Ба гуфтаи онҳо шакару қанди русӣ нисбат ба он навъҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд беҳтару ширинтар аст. 

Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе
© Sputnik / Амир Исаев
Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе
Аммо яке аз маҳсулоте, ки дили харидорони тоҷикро гарм намудааст, ин маҳсулоти гуногуни ширкати “Макфа” мебошад. Бино бар иттилои madeinrussia.com ширкати “Макфа” яке бузургтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти макаронӣ ва орд дар Русия ба ҳисоб меравад. Ин ширкат дар панҷгонаи бузурги ширкатҳои ҷаҳони истеҳсоли макарон ба ҳисоб меравад.

Ин ширкат маҳсулоти худро ба 35 кишвари ҷаҳон аз ҷумла ба Тоҷикистон содирот мекунад.  

Содирот ба Тоҷикистон дар рақам

Русия - шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аз аввали соли равон байни Тоҷикистону Русия ба андозаи 570 миллион доллар гардиши молу коло сурат гирифтааст, ки дар байни дигар кишварҳои хориҷӣ ҷои аввалро ишғол намудааст. Ғайр аз Русия (29,6 дарсад) шарики асосии содиротии Тоҷикистон Қазоқистон(21,9 дарсад) ва Чин(17,2 дарсад) будааст.

Дар маҷмӯъ, аз моҳи январи то моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард доллар маҳсулоти гуногун ворид шудааст.  

Аксари коршиносон бар он боваранд, ки тамоюли мусбати савдои хориҷӣ миёни кишварҳо сол аз сол дар ҳоли рушд қарор дорад. Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Русия дар семоҳаи аввали соли 2019 гардиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молу коло миёни Русияву Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  ба 34,8 дарсад ё 43 миллион доллар афзоиш ёфтааст.  

Мавсими содироти зардолуи тар аз Тоҷикистон ба Русия шурӯъ шуд

Роҳбари кулли Маркази содироти Русия Андрей Слепнев зимни Конфронси ҳафтуми ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия, ки 17 апрели соли равон дар Маскав баргузор шуд, таъкид карда буд, ки соли гузашта содироти маҳсулоти ғайри маводи сухт Русия ба Тоҷикистон 22 дарсад афзоиш ёфта ба 848 миллион доллар расидааст.

“Мо барои тақвияти ҳамкориҳо имконияти хуб дорем. Ва ҳоло нуқтаи рушдро низ пайдо кардаем. Мо ният дорем навъ ва теъдоди маҳсулоти содиротиро афзоиш диҳем”,- қайд кард Слепнев.

Бо ӯ Вазири рушди иқтисоди Русия максим Орешкин муътақид аст. Вай гуфт дар 11 соли ахир Русия – яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

“Ҳамкориҳои байниминтақавӣ яке аз омилҳои асосии ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон фаъолона ба беш аз 60 минтақаи Русия ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ дорад. Ҳоло беш аз 70 созишномаву ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст. Ин ҳамкориҳо дар оянда тақвият ва беҳтар хоҳанд шуд”, - зикр намуд вай.

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Русия тамоюли мусбии рушди содироти ғайри маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон аз ҳисоби содироти равғани маъсар, равғани омехтаи наботот, орд ва маҳсулоти қанодӣ ташаккул ёфтааст. Инчунин Русия ба Тоҷикистон содироти маҳсулоти ширӣ, гушти мурғ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайри спиртӣ, маҳсулоти тайёр аз растаниро ба роҳ мондааст.

Матлаб дар заминаи шарикии тиҷорӣ таҳия шудааст. 

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия, мағозаҳо, маҳсулоти ғизоӣ, воридот, содирот, тиҷорат, ҳамкорӣ

Мавзӯъҳои асосӣ