Наздикони охирин подшоҳи рус даъвои хешутаборӣ бо пайғамбарро доранд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкБоздиди патриархи Маскав ва Русия Кирил аз Сербистон. Акс аз бойгонӣ
Боздиди патриархи Маскав ва Русия Кирил аз Сербистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Романовҳо, авлодони собиқ подшоҳи рус даъво доранд, ки аз насли паёмбари Ислом ҳастанд, мегӯяд мушовири ин хонавода Кирилл Немирович Данченко.

Данченко дар як суҳбат бо рӯзноманигорон изҳор доштааст, санадҳои расмӣ ва дақиқ мавҷуданд, ки ин даъвои Романовҳоро собит месозанд, хабар медиҳад сомонаи REGNUM.

«Ин афсонаи "Ҳазору як шаб" нест, ин далел аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми мусалмонони ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ҷаҳон чанде аз бозмондагони эътирофшудаи пайғамбар зиндагӣ мекунанд, чунин иттифоқ афтодааст, ки бозмондагони подшоҳони рус низ дар шараёни худ хуни пайғамбар Муҳаммад (с.а.с)-ро доранд", — дақиқан гуфтааст Данченко.

Шоҳдухтар Мария Владимировна, ки ҳоло раҳбари хонаводаи Романовҳо аст, ҳамзамон аз насли паёмбар Довуд низ мебошад, зеро шаҷараи модарии ӯ ба ин паёмбар мерасад, таъкид доштааст мушовири хонаводаи Романовҳо.

Қаблан дар як мусоҳиба бо "Аргументы и факты"-и чопи Қазон, дотсенти кафедраи диншиносӣ ва минтақашиносии Донишгоҳи федеролии Қазон Азат Ахунов даъвои хонаводаи Романовҳоро ҳақ хонда гуфта буд, ки эшон воқеан аз сайидзодаҳо ҳастанд.

"Агар шаҷараи онҳоро таҳқиқ намоем, онҳо воқеан ба сайидзодаҳо — авлодони пайғомбар аз пушти духтараш Фотима, мерасанд. Баъд аз он ки арабҳо дар асри 8 ҳудуди Испанияи куниниро ғасб ва исломро паҳн карданд, сайидзодаҳо низ ба ҳудуди ин кишвар ворид шуданд. Яке аз онҳо Абу ал Қосим Муҳаммад 2 ал Мутамид ибни Аббад дар асри 11 амири Севил шуд. Духтари вай Зайнаб тибқи одати сиёсӣ ҳамсари шоҳи Кастил шуду масеҳиятро қабул кард ва малика Изаббела шуд. Баъд аз марги Изабелла дар соли 1103 шаҷараи аврупоии пайғамбар Муҳаммад (с.а.с) шуруъ мешавад. Шаҷараи испаниёи бо шаҷараи немисӣ омехта мешавад, ки дар натиҷаи пайвандашии байни хонаводагӣ Романовҳо ҳам бо гузаштагони дури мусалмони худ хешӣ ҳосил мекунанд", гуфта буд Азат Ахунов.

Сулолаи Романовҳо дар охири садаи 16, аниқтараш дар соли 1613 арзи ҳастӣ карда, императори сарзамини рус ва баъдан сулолаи онҳо дар сарзамини Полша, Финландия ва дигар шаҳрҳо ҳукмронӣ кардааст. Ҳамчунин, дар таърих омадааст, ки ин хонадон аз Пруссия дар шарқи Олмон дар авоили асри чаҳордаҳ ба Русия омадаанд. Ин сулола соли 1917 пас аз хурӯҷи болшевикон сарнагун гардид.

Ба навиштаи Фараж, дар Тоҷикистон низ хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки худро сайидзода ва аз авлодони пайғамбар медонанд. Бо илова кардани вожаҳои «Сайид», «Эшон» ва "Тӯра" ин афрод мехоҳанд пайвандии худро бо пайғомбар рабт диҳанд.

Қобилҷон Боев, руҳонии тоҷик ба нашрия гуфтааст, мавҷудияти авлодони пайғамбар дар берун аз нимҷазираи Араб асоси воқеӣ надорад.

"Албатта, ин гапҳо дурӯғ аст. Авлоди пайғомбар айни замон танҳо дар ҷазираҳои Араб умр ба сар мебаранд. Боре ҳангоми зиёрати Ҳаҷ як гуруҳ зоирон аз олимони куҳансоли онҷо пурсон шуданд, ки аз аҳли Қурайш (хонаводаи пайғомбар) ягон нафар боқӣ мондааст? Онҳо гуфтанд, ки дар 60 километрии шаҳри Макка иддае аз ин тоифа зиндагӣ мекунанд. Аммо оне, ки авлоди пағомбар дар мулки рус, дар оилае, ки зимоми сиёсатро ба даст доштанд, вуҷуд дошта бошад, дурӯғи маҳз аст", — гуфтааст Қобилҷон Боев.

Лентаи хабарҳо
0