15:07 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Рождество

Таҷлили мавлуди Исои Масеҳ дар Тоҷикистон

© Flickr / beccafromportland
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Ҳудуди ҳаштод нафар аз пайравони калисои католикии Душанбе шаби 24 ба 25-уми декабр ҷашни таваллуди Исои Масеҳро таҷлил карданд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Католикҳои Тоҷикистон дар баробари католикҳои ҳамаи дунё шоми дирӯз мавлуди Исо паёмбарро ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Роҳиби калисои католикии Душанбе Падар Педро дар сӯҳбат ба Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардааст. Вай гуфтааст, дар ҷашн то 80 нафар аз пайравони католитсизм ҷамъ омадаанд.

"Ҷашни мавлуд бо дуову ниёиш ва ибодати Худо оғоз мешавад. Баъдан хурдсолон як саҳначаро бозӣ мекунанд, ки аз таърихи таваллуди Исо паёмбар қисса мекунад. Намоиши ин гуна саҳначаҳо дар тамоми калисоҳои католикӣ аллакай расм шудааст", — афзудааст Педро.

Бино бар иттилои ин рӯҳонӣ, дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ як колисои католикӣ фаъолият мекунад, ки дар он тақрибан 15 нафар аз пайравони католитсизим ибодат мекунанд ва онҳо низ мавлуди исо Паёмбарро ҷашн мегиранд.

Роҳиби католикҳо мегӯяд, пайравони католитсизм дар Тоҷикистон ҳамагӣ 100-110 нафаранд ва аксарияти онҳо шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Боқимонда католикҳо аз намояндагони миллатҳое, ҳастанд, ки пайрави католитсизманд ва аз волидонашон, ки ба Тоҷикистон муҳоҷират кардаанд ин мазҳабро ба мерос гирифтаанд.

Падар Педро мегӯяд, худ зодаи кишвари Аргентина аст ва 11 сол боз дар Тоҷикистон ҳамчун ходими дин фаъолият дорад.

"Дар ин ҷо ман худамро мисли дар зодгоҳам ҳис мекунам. Ҳам намояндагони ҳукумат ва ҳам мардум ба мо муносибати хуб доранд. Новобаста аз он ки мо пайрави дини дигар ҳастем", — афзудааст ин рӯҳонӣ.

Ҷашни мелоди Масеҳро пайравони Насрония дар санаҳои гуногун — Католикҳо шаби 24 ба 25 ва православ ё ортодоксҳо 7- уми январ таҷлил мекунанд.

Дар рӯзҳои Соли нав пайравони мазҳаби православ кулчақанду дигар шириниҳо пухта, тухмҳои мурғро бо чандин ранг оро дода ба калисо меоянд ва нахуст афроди мӯҳтоҷро зиёфат медиҳанд. Ҳамчунин навзодонро ба калисо оварда дар «оби муқаддас»-и дуохонишуда мешӯянд.

 Аксари католикҳои ҷаҳон ҳанӯз тибқи суннатҳои дерина, ҳангоми фаро расидани таваллуди ҳазрати Исои Масеҳ ба унвони бахше аз ороиши Крисмас, саҳнаи таваллуди вайро месозанд, ки фазои даруни як оғил, Марями муқаддас, Довуд, Исои навзод ва чанд ҳайвони хонагӣ, аз ҷумла маркаб ё хар низ шомил мешавад.

Дар Инҷил, китоби муқаддаси масеҳиён таърихи мушаххасе барои таваллуди Исои Масеҳ зикр нашуда, он дертар аз тарафи яке аз ҳокимон таъин шудааст. Аммо пайравони мазҳабҳои дигари масеҳият ин санаро қабул надоранд.

Мавзуъ

Дар арафаи Соли нав чӣ гуна бояд амал кард
Барчаспҳо:
таҷлил, ҷашн мегиранд, калисои католикӣ, Исо, Исои Масеҳ, Қӯрғонтеппа, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ