04:26 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Намое аз шаҳри Боку. Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон баргузор мешаванд

© Sputnik / В. Киселев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Дар чорчӯби ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузории рӯзҳои синамои тоҷик дар он кишвар дар назар аст ва намояндагони кинои тоҷик филмҳои ҳунарию мустанадро намоиш хоҳанд дод.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Аз 10 то 14 марти соли равон дар Озарбойҷон рӯзҳои синамои тоҷик баргузор мешавад, навиштааст сойти Вазорати фарҳанги ҶО.

Шоми 10 март дар шаҳри Боку, дар кинотеатри "Низомӣ" расми ифтитоҳи ҷашнвора сурат мегирад. Рӯзи аввал барои меҳмонон намоиши филми ҳунарии "Муаллим"-и таҳиягар Носир Саидов дар назар аст.

Дар ҷараёни чорабинӣ панҷ филми ҳунарӣ ва панҷ филми мустанади тоҷикӣ пешниҳоди тамошобинон мегардад.

Роҳбарони киностудияи "Тоҷикфилм", коргардон Носир Саидов, киношинос, доктори улуми фалсафа Саъдулло Раҳимов, ҳунарманди мардумӣ Сайрам Исоев ва ҳунарпешаи ҷавон Абдукарим Машрабов синамои тоҷикро дар ҷашнвора намояндагӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои кино дар асоси "Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳамкориҳо байни ҳукуматҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон  сурат мегирад.

Барчаспҳо:
филми "Муаллим", дар хориҷа, кино, синамои тоҷик, кинотеатри "Низомӣ", Тоҷикфилм, Абдукарим Машрабов, Сайрам Исоева, Носир Саидов, Саъдулло Раҳимов, Боку, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ