09:12 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2201

“Боғи пойтахт” барои татбиқи лоиҳаи ҷолиби тафреҳӣ ва ҷавобгӯ буданаш бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сазовори мукофот гардид

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. "Боғи пойтахт" —и шаҳри Душанбе барандаи ҷоизаи олии саноат ва тафтреҳии Golden Pony Awards — 2015 дар шаҳри Маскав шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Маросими эътои ҷоиза дар чорчӯби Намоишгоҳи XVII-и байналмилалӣ таҳти унвони "Аттраксионҳо ва таҷҳизоти тафреҳии РАППА Экспо- 2015" сурат гирифт.

Ин мукофотро "Боғи пойтахт" барои татбиқи лоиҳаи ҷолиби тафреҳӣ ва ҷавобгӯ буданаш бо меъёрҳои ҷаҳонӣ соҳиб шудааст.

Ҳар сол ба марказҳои тафреҳӣ (боғу гардишгоҳҳо) ва тавлидгарони беҳтарини таҷҳизоту аттраксионҳо чунин ҷоизаҳо тақдим мешаванд. Ҷойиза дар соли 2002 аз ҷониби ширкати "Facto Edizioni"-и кишвари Италия таъсис ёфтааст.

Барчаспҳо:
мукофот, ҷойиза ба боғи пойтахт, РАППА Экспо- 2015, Намоишгоҳи XVII-и байналмилалӣ, ширкати “Facto Edizioni, Душанбе, Тоҷикистон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ