09:34 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе оғоз бахшид, ки ин бино дар Осиёи Марказӣ бузургтарин унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон 17 март бо гузоштани нома ба наслҳои оянда ва санги асоси Театри миллии Тоҷикистон ба сохтмони "бузургтарин ва зеботарин" иншоот дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид, менависад сомонаи раисҷумҳур.

"Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид", — омадааст дар хабари сомона.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Сомонаи раёсатҷумҳур таъкид кардааст, ки "лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй буда, бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд".

Барчаспҳо:
2500 ҷойи нишаст, 5 ошёна, бузургтарин бинои ОМ, оғоз, сохтмон, Театри миллии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ