Ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон 22 март дар Хуҷанд мегузарад

© AP / Theodore KayeНаврӯз дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Наврӯз дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22 март дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури ҳунармандон ва меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар баргузор хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи якшанбеи 22 март дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баргузор мешавад, бо такя ба масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон менависад "Радиои Озодӣ".

Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Наврӯз”- ро тасдиқ кард

Манасим Мадёров, сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба радио гуфтааст, барномаи аслии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ соати 6-и шоми 22 март дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Хуҷанд бо иштироки меҳмонони хориҷӣ баргузор мешавад.

Ба қавли ҷаноби Мадёров, раҳбари бадеии ҷашни "Наврӯзи байналмилалӣ" дар Хуҷанд Набӣ Ҷалолов аст ва ҳамакнун омодагиҳо дар варзишгоҳи "Истиқлол" бо ширкати беш аз 7 ҳазор ҳунарманд ва иштирокчиёни барномаи театрикунонидашуда, ҷараён дорад.

"Мӯҳтавои аслии барномаи Наврӯз фарогири таърихи қадимӣ ва имрӯзаи ин иди оламгир мебошад, ки ҳамроҳ бо шеъру суруд ва таронаҳои ҳунармандону овозхонони тоҷик барои тамошобинону меҳмонон рӯҳу илҳоми наврӯзӣ мебахшад", — гуфтааст Ҷалолов.

Инчунин, ба гуфтаи ин масъули вазорати фарҳанг, дар канори варзишгоҳи "Истиқлол" намоиши расму русум ва оинҳои наврӯзии мардуми тоҷик ба роҳ монда шудааст.

Қарор аст, дар чорчӯби баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз меҳмонон маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", "Чорбоғ" ё "Боғи Камоли Хуҷандӣ", ки дар он мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассамаи ин шоири форсу тоҷик низ воқеъ аст, баҳрабардорӣ шаванд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манобеи вазорати фарҳанг, барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ, мақомоти баландпояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба хусус раисони ҷумҳур даъват шудаанд.

Партовгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Хуҷанд то Наврӯз шаҳрро тозаву озода мекунад

Бо он ки дар бораи сафари ин меҳмонон то ҳанӯз иттилое нашр нашудааст, аммо гуфта мешавад дар ҳошияи ҷашни байналмилалии Наврӯз мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон сурат хоҳад гирифт. Нахустин давраи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд.

Ҷашни Наврӯзи байналмалилӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор шуд. Аммо бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли гузашта дар Кобул, тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0