15:48 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ

ВКД алайҳи либоспӯшии ғайримиллӣ даст ба кор мешавад

© Sputnik / Григорий Сысоев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Дар пайи интиқоди президент аз либоспӯшии занони тоҷик, вазири корҳои дохилӣ ба тобеонаш дастур додааст, ки сару либоси занонро зери назорат бигиранд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд, менависад сомонаи ВКД.

Дастури вазир дар пайи интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пайравии занони тоҷик ба фарҳанги бегона, ки 6 март дар дидор бо занҳо дар остонаи Рӯзи модар дар Тоҷикистон садо дода буд, содир шудааст.

Сомона менависад, 28-уми март сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ба муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Абдураҳмон Аламшо дар мавриди корҳояшон барои ҷилавгирӣ аз либоспӯшии ғайримиллии занон ва тақлидашон ба фарҳанги бегона ҳисобот додаанд.

"Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад", — гуфтааст Абдураҳмон Аламшо.

Ин масъули вазорат ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Вай дар он мулоқот ба Иттифоқи "Тоҷикматлубот", раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода буд, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд.

Раисиҷумҳур гуфта буд, бузургон борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд.

Барчаспҳо:
фарҳанги бегона, ҷаласа, мақомот, либоспӯшии бегона, сатр, дастур, ВКД, Абдураҳмон Аламшозода, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ