11:26 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Радио

Радиои ҷадид дар Хуҷанд ба фаъолият оғоз менамояд

© Flickr/ Ross Murray
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар вилояти Суғд даҳумин радио ба пахши барномаҳои худ шурӯъ карда, кормандони он аслан аз ҳисоби хонандагон ва ҷавонони Хуҷанд ҷалб шудаанд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Радиои ҷадиди "Шаҳри ман" дар маркази маъмурии шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Авеста.

Ба иттилоъи Наталя Яқубова, як масъули ин расона дар ифтитоҳи пахши барномаҳои радио қарор аст раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзад.

"Барои кор дар радио ҷавонони донишҷӯ ва хонандагон ҷалб гардида, мӯҳтавои барномаҳои он аслан фароғатӣ-фарҳангӣ ва иттилоотӣ мебошад",- қайд кард Яқубова.

"Шаҳри ман" даҳумин радиостансияе мебошад, ки дар вилояти Суғд ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Барчаспҳо:
дар шимоли мамлакат, радиои ҷадид ба фаъолият оғоз мекунад, радиои "Шаҳри ман", раиси шаҳри Хуҷанд, Наталя Яқубова, Раҷаббой Аҳмадзода, Хуҷанд, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ