Театри драмавии русӣ ба ҷашнвораи Санкт-Петербург меравад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинТеатри ба номи Маяковский дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Театри ба номи Маяковский дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи пойтахт дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо бо намоишномаи Надежда Славина “Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте” ширкат меварзад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи пойтахт дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳад кард, менависад торнамои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Қарор аст, ин чорабинӣ аз 10 то 15 апрели соли равон, дар пойтахти шимолии ФР байни театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва Назди Балтик таҳти унвони  «Вохӯриҳо дар Русия» баргузор шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский бо намоишномаи Надежда Славина «Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте» муаррифӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0